• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ  ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТИ

Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол муташаккилонаю бераҳмона гардида дар амалисозии ин падидаи нангин ҳатто аз техникаю технологияи муосри истифода мебаранд.

Дараҷаи хатаре,ки терроризм ба ҷомеъаи муосир дорад, далелҳои раднопазир бозгўи он аст ва кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм қонунҳо қабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушикилот намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир истисно нест ва ҳар сокини кишвари мо терроризм ва экстремизмро бо ҳар шакле, ки зуҳур нанамояд, ҳамаҷониба маҳкум менамоянд.

 

Месазад,ки мо шаҳрвандон тарбияӣ фарзандон алоҳида ба ин мавзўи доғи рўз ҷудо намуда, фарзандонро ба моҳияти терроризм ва хатари он ба ҷомеаро ошно созем. Муҳимтар аз ҳама, хонандагон донанд,ки аз рўи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарўза  дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷонҳои  ширини худро аз даст медиҳанд. Фарзандони  бюоз ҳам бидонанд,ки террористони ватан , дину оин ва мазҳаб надошта, ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфиканӣ ва бо ин роҳ боа мақсади шуми худ расидан мебошад. Аксарияти террористон аз номи дини мубини исломи  ин амалҳоро анҷом медиҳанд,ки ин ба исломи ноб ҳеҷ рабте надорад. Дини ислом терроризмро маҳкум месозад ва террористон динро чун сипар истифорда карданӣ мешванд.

Бояд хотирнишон кард,ки доир намудани соатҳои тарбиявӣ дар мактабҳо ҳанўз нокифоя мебошад. Гузаронидани семинару конфронсҳо дар ин мавзўъ бо доираи васеи хонандагон ва падару модарон хеле боаҳмият аст. Бигузор семинару конференсҳоро олимону коршиносони соҳа ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ доир намоянд. Мо дар таълимгоҳҳо барои гузаронидани чунин чорабиниҳои муҳим тамоми шароитҳоро дорем. Чуноне,ки мегўянд «муште аз хирвор» мо як намунаи дарси соати тарбиявиро дар мавзўи фавқ ба таваҷҷуҳи омўзгорон пешниҳод менамоем, ки агар он мавриди истифода қарор гирад, боиси истиқболи гарм аст. Инҷунин бояд дар мактабҳо Равиши дарс: намоиши филмпора ва нишон додани даҳшати ҷанг дар Сурия, ки онро террористон ба амал овардаанд Омўзгор ҳангоми нишон додани филмпора метавонад дар бораи таърихи таъсиси бо ном давлати исломии Ироқу Шом ( ДИИШ) ба хонандагон маълумот диҳад.

Нишон диҳад,ки террористон чӣ гунна бераҳманд, онҳо намунаҳои ёдгориҳо ва фарҳанги куҳнаи ин кишваро чи гунна тарконда ва хароб кардаанд. Террористон ин кишварро ба дузах табдил дода, дар натиҷа беш аз 4 миллион суриягиҳо ба муҳоҷират рў овардаанд. Омўзгор бо далел нишон диҳад,ки дар ҷаҳони муосир неруҳои зиддитеррористӣ вуҷуд доранд. Аз ҷумла Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар зидди терроризми байналмилалӣ муборизаи муштарак анҷом медиҳанд.  Ин ду кишвари абарқудрат аз ҳамлаҳои террористон бисёр хисорот дидаанд.

Пас аз пахши филмнома ва шарҳи омўзгор месазад яке аз баромадҳо ё суханрониҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки терроризмро маҳкум карда ва онро вабои асри  номидааст, ба таваҷҷуҳи шогирдон пешниҳод кард. Албатта ин дарси мо бояд дар худ хусусияти  ҳамгироиро дошта бошад, бачаҳо дар муҳокимарониҳо фаъолона ширкат намоянд. Аз ин рў омўзгор ва хонандагоне, ки мавзўҳои супурдашуда дар мавриди терроризм хонда ва дарк кардаанд, муроҷиат мекунад. Масалан, Суҳроб, Рашид, Зулола ва Бону терроризмро чунин шарҳу тафсил медиҳанд.

Суҳроб:- Терроризм ва пайдоши он таърихи тўлонӣ дорад. Калимаи «террор» дар забони лотинӣ ба ду маъно: «тарс», «даҳшат» ва «воситаи тарс», «ваҳмандозии ҳолат» маънидод шудааст. Вожаи «террор» дар асри ХХУIII дар Фаронса эътироф шуда, дар Россия бошад, асри ХIХ амалҳои даҳшатафканӣ  бо номи «терроризм» сари забонӣ  гашт.Зулола:- Соли 1816 сиёсатшиноси рус И.Татишев бори аввал мафҳуми «терроризм»- ро чун «системаи хавфноки идоравӣ ва амалҳои   даҳшатовар» шарҳу баён кард. Терроризм ҷинояти сангину хавфнок маҳсуб ёфта, он, пеш аз ҳама, ба халалдор ва корношоям намудани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимият, садама ба саломатии шаҳрвандон, ходимони сиёсиву ҷмъиятӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ равона гардидааст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj