• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

ҶАВОНОН ВА ЭҲТИРОМИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Башарият дар фосилаи таърихии ташаккули худ барои муттаҳидию сарҷамъӣ, ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва дастёбӣ ба музафариятҳои бештар, ҳамзамон пешгирӣ аз нифоқу ҷудоӣ ва низову зиддиятҳо воситаҳои гуногунеро истифода намудааст. Дар ин замина воситаҳое, ки бештар боэътимод гардидаву ҷомеаро хубтар муттаҳид намудаанд ҳамчун муқаддасот эътироф гардида, гиромӣ дошта мешаванд. Чунин воситаҳо дар давраҳои таърихӣ хеле зиёд ва гуногун мебошанд. Ба монанди дин, забон, расму оин, фарҳанг, либос, нишон, парчам, суруд ва ғайраҳо.  Миллати мо низ дар давраҳои гуногуни таърихӣ дорои муқаддасот ва рамзҳои шоистаи худ будааст. Муқаддасоти миллат инъикоскунандаи симо ва ҳусни зоҳирию ботинии миллат буда, дар худ ҳадафу мақсад, марому сиришт, асолат, ҳуввият, расму оин, фарҳанг, таърих, шуғл, эътиқод ва роҳи таърихии тайкардаи миллатро инъикос менамоянд. Онҳо сарчашмаи асосии ифтихори миллӣ ва ташаккули ғояи ватандорию ватандўстии миллат мебошанд. Муқаддасоти миллӣ миллатро дар худ муттаҳид намуда, ба мақсаду ҳадафҳои худ мерасонад. Дар замони муосир яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллӣ рамзҳои давлатӣ шинохта шудаанд. Гузаштагони шарафманди мо ҳазорсолаҳо зери рамзҳои давлатии хеш саф кашида, Ватану миллат, шарафу номус, озодӣ, забону фарҳанг ва ҳастии худро ҳимоя намудаанд. Рамзҳои давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти соҳибдавлатии миллат мебошанд. Рамзҳои давлатӣ дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи содиқу вафодори онҳо будааст. Ҳар як фарзанди вафодор ва бо нангу номуси миллат ҳастии худ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, бо ҳимояи онҳо модар ва Ватани худро ҳифз намудаанд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дубора ойини миллии мо эҳё гардид ва соҳиби рамзҳои шоистаи худ шудем. Шояд яке аз сабабҳои сар задании ҷанги таҳмилии шаҳрванди дар кишвар ин надоштани рамзҳои давлатӣ дар ду соли аввали соҳибистиқлолӣ буд, ки тавононанд рўҳияи таърихии халқро дар худ инъикос кунанд ва мардумро муттаҳид созанд. Имрўз шарафи бузург насиби мост, ки даҳсолаҳо боз дар зери рамзҳои миллии худ муттаҳидем ва ба музаффариятҳои беназир муваффақ гаштаему хушбахтем. Ин шарафи мо ҷавонон аст. Ин нуқтаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Муҳаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ ба мо барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳ кушод». Рамзҳои давлатии мо дар худ ормонҳои миллӣ, симои миллат, иқлими кишвар, фарҳанги миллӣ ва дуои моро баҳри ҷовидонии миллату давлат дар бар мегиранд. Дар Парчами давлатӣ муборизаҳои истиқлолхоҳию озодии миллат, ниятҳои созандаю хайрхоҳона, инсондўстонаву нек, сулҳҷўёнаву башардўстона, умри дарозу пурсамар баҳри инсонҳо ва пойдории давлатӣ соҳибистиқлоли мо инъикоси худро ёфтаанд. Парафшонии Парчам инъикоскунандаи мавҷудияти миллат аст. Имрўз Парчами давлатии мо баландтарин Парчам дар дунё парафшон аст, ки нишонаи ғурури баланди ватандорӣ ва истиқлолхоҳии мо мебошад. Тасвири се ранг – сурх, сафед, сабз ва тоҷ дар миёни Парчами миллии мо асоси таърихӣ дорад ва дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Миллати мо чун миллати озодандеш ва муборизи роҳи озодӣ ҳамеша бо истилогарону ғасбкорон мубориза бурда, ғуломию ғуломдорӣ ва зердастиро шадидан маҳкум намудааст. Дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатии худ қаҳрамониҳо намуда, марзу буми худро муқаддас дониста, бо ҳастии худ ҳифзи он кардааст, ки ин ҳама дар ранги сурхи Парчами миллӣ таҷассум ёфтааст. Ранги сафед аз китоби муқаддаси «Авесто» сарчашма гирифта, рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек асоси мазмуни онро дар бар мегирад. Ҳамзамон ин ранг нишонаи хайрхоҳию некандешии миллати мо нисбат ба дигар халқу миллатҳо ва давлатҳо мебошад. Мо ҳамеша нисбат ба дигарон назари нек доштем ва ба сарзамини касе даст дароз накардаем. Ранги сабз нишон аз ҷовидонӣ ва фарҳангии мо мебошад. Ин ранг инъикоскунандаи умри дарози таърихии миллати мо ва илмдўсту фарҳангсолор будани мо аст. Яъне мазмуни умумӣ он аст, ки миллати бо фарҳанг безавол аст. Тоҷ дар Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва аз решаи номи миллат аст. Нишони давлатӣ нишон аз ҳастии мост. Дар он рамзи фарҳангсолорӣ, соҳибтамаддунӣ ва илмдўстию донишманд будани миллати мо, ҳамзамон кўҳҳои баланди кишвар рамзи сарбаландии мо, офтоби дурахшон рамзи нуру сафо ва рушноию шукуфоӣ таҷассум ёфтаанд. Дар ин ҷо замини зархези кишвар, ки асоси ҳастии ҳаёт маҳсуб меёбад бо гандум – рамзи баракат ва серию пуррӣ, пахта рамзи меҳнатдўстӣ наққошӣ шудаанд. Суруди миллӣ инъикоскунандаи ғуруру ормони миллӣ, роҳи таърихии тайкардаи миллат, меҳру муҳаббат ба Ватан, озодию истиқлолхоҳӣ ва давлатдорию давлатсозии мо мебошад. Дар суруди миллӣ Ватан ҳамчун модари ягонаи мо соҳибватанон арзёбӣ шудааст ва хушбахтию бақои мову хонадонамон аз ҷовидонию бақои он вобаста аст. Мо дар Суруди миллӣ бо ғайрату матонат, боварии том ва далерию шуҷоат сарсабзу бехазон ва ҷовидон будани Ватани худро иброз кардаем. Бо нигаристан ба рамзҳои давлатӣ рўҳияи ватандорию ватансозии мо боло меравад ва мушкили мо дар роҳи давлатдорӣ осон мегардад. Даҳсолаҳост, ки мо дар зери рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ муттаҳидем ва зиндагии худро рангину зебо мегардонем. Бо дидани Парчами худ ва шунидани Суруди миллӣ дар ҳар гўшаи ҷаҳон ифтихори соҳибистиқлолиямон баланд мешавад ва руҳияаамон болида мегардад. Мо ҷавонон бояд ба мазмуни таркибии рамзҳои давлатии худ, ки аз сириштамон сарчашма мегирад такя кунем, бо онҳо ифтихор кунем, парчамбардор бошем ва тарзе зиндагию кору фаъолият намоем, ки ба ифтихори мо дар ҳар гушаи ҷаҳон Парчамамон боло бардошта шавад ва Суруди миллиямон садо диҳад. Ин аст рисолати мо. Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромуш насозем, ки хизмати як муқаддасот барои як миллат ва ё давлат баъзан баробари хизмати ҳазорҳо нафар фарзандони ҳамон миллату давлат аст.

Қувватов Сайдулло – мудири Шуъбаи

кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru