• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он

Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамоянд, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маъмул буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Чун мутобиқ ба ҳисоботи оморӣ аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас «мушкилоти ҷавонон» — мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аст. Қабл аз ҳама, бояд андеша намоем, ки омилҳои асосии майли иддае аз ҷавонон ба ифротгароӣ кадомҳоанд? Авзои ҷомеа ба ҳолати ботинии инсон зиёд шабоҳат дорад. Масалан, инсоне, ки мубталои маризӣ гардид, табибон то тасмими табобати ӯро гирифтан мавсуфро ташхис намуда, сабаби бемориашро муайян менамоянд.

Омили нахустин   ба миён омадани холигии идеологӣ дар маҳал миёни ҷавонон аст, зеро собит шудааст, ки дар ҳар ҷое холигии идеологӣ ба вуҷуд меояд, ҷои он холигиро идеяҳои нав ишғол менамоянд. Дар натиҷа, боварии ҷавонон нисбат ба идеяҳои низоми давлатдорӣ заиф мегардад ва онҳо ба идеологияи бегона мегараванд. Инсон мавҷуди зинда аст ва табиатан сӯи чизе меравад, ки ҳамеша фаъол аст.

Омили дувум паст будани донишҳои дунявӣ, надоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ аст. Ҳол он ки қонунгузории мамлакат имкониятҳои ниҳоят фарохро барои ҷавонон фароҳам овардааст. Аз ҷумла ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир мешавад, то онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот истифода бурда тавонанд.

Омили сеюм ба костагии маърифати динӣ ва бесаводии динӣ, аз ҷумла мазҳабӣ рабт дорад. Зоҳиран ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ барои Ислом «хидмат мекунанд», аммо дар асл онҳо душманони Ислом ва мусулмононанд.

Омили чаҳорум фарогири масоили иқтисодиву иҷтимоист. Ташкилоту ҳизбҳои ифротгаро ва дигар созмонҳои иртиҷоӣ аз тарафи муассисонашон пайваста маблағгузорӣ мегарданд ва бо ин роҳ ҷавонони бекорро, ки ниёзманданд, моили худ менамоянд.

Дар радифи омилҳои дигар метавон камфаъолиятии ниҳодҳои иттилоотиро омили панҷуми рушди ифротгароӣ шумурд, зеро мардум, хусусан ҷавонон, дар бораи моҳият ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро иттилои кофӣ надоранд.

Омили ниҳоӣ, ки сабабгори ифротгароии ҷавонон аст, беадолатӣ ва фасоди иҷтимоист. Ҷавонон қишри ниҳоят ҳассос ва дорои романтизм мебошанд. Онҳо ҳангоми мушоҳидаи хурдтарин омил, аз қабили коррупсия, дурӯғи калонсолон ва умуман иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демократӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо нисбат ба фардои ҷомеа бовариро аз даст медиҳанд ва майл ба дигар ҷониб менамоянд. Ҳамин гуна, нобоварӣ ва заъфи эътиқод ба ояндаи равшан боиси пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳатто даст ба қонуншиканӣ ва ҷинояткориву худкушӣ заданашон мегардад. Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй дорад, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Инро дар таҷрибаи давлатдории худ борҳо мушоҳида намудаем.  Ҳол он ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб ва эътироф гардидааст. Мавриди омӯзиши доимӣ қарор додани суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳо ва дастрас намудани маводи таълимӣ — омӯзишие, ки бо дастури Сардори давлат таҳия гаштанд, дар ин ҷода амри зарурист. Дар ин самт ташвиқу тарғиби адабиёте, ки мазмуну муҳтавояшон ба равнақи худшиносии миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстонаи наврасону ҷавонон нигаронида шудааст, айни муддаост. Ба роҳ мондани таблиғоти дуруст на танҳо аз ҷониби мақомоти сиёсиву давлатӣ, балки тавассути аҳли зиё, афроди муътабар, олимону донишмандон, бахусус аҳли уламо, дар мубориза бо падидаи мазкур ба манфиати кор хоҳад буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як мулоқот таъкид намуда буданд: «Маҳз туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи арзишҳои маънавӣ ва адабиёти ғановатманд мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем». Бузургдошти шахсиятҳои алоҳида, олиму мутафаккирон ва адибону нухбагони миллат, ки ҳамасола бо ибтикор ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, намунаи осорашон нашр карда мешавад, низ аз ҳамин иборат аст. Дар баробари ин, ба бахши сиёсати иҷтимоии ҷавонон, аз қабили таъмини шуғл ва ҳифзи иҷтимоии онҳо, ҳалли мушкилоти манзил барои оилаҳои ҷавон, танзими раванди муҳоҷират ва ғайра таваҷҷуҳи махсус бояд зоҳир шавад, зеро имрӯз байни ҷавонон теъдоди эҳтиёҷмандону бекорон зиёд гашта истодааст. Бинобар ин, дар доираи имконоти Буҷети давлатӣ фишангҳои амалӣ гардидани барномаҳои қабулгаштаи давлатиро, ба монанди «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон» дар маҳалҳо бояд истифода намуд. Оид ба сабабҳои воқеии гароиши иддае аз ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гузаронидани омӯзиш ва тадқиқотҳои сотсиологӣ бо ҷалби коршиносон тақозои рӯз аст. Натиҷаҳои он барои тарҳрезии барнома ва нақшаҳои ҷиддӣ  ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои пайдоиши ифротгароӣ мусоидат хоҳад намуд. Ҳаёти ҷавонон, дар маҷмӯъ рӯди саршореро мемонад. Агар аз он мо пурсамар ва мақсаднок истифода намоем, ҳаётамон сарсабзу шукуфон хоҳад гардид. Вагарна ин рӯд ба селобе мубаддал мешавад, ки аз он ҷуз харобиву вайронӣ чизе боқӣ нахоҳад монд

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru