• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

УМЕД АЗ ҶАВОНОН

«Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд».[1]

Умеди наслҳои дирӯзу имрӯз ва ояндаи миллат аз мо ҷавонон дар он аст, ки кору фаъолияти созандаи онҳоро дар роҳи ватандорию ватансозӣ қадр кунем, арҷгӯзорӣ намоем ва бо сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва дарки рисолати таърихӣ идома диҳем.

Мо ҷавонон кӯшиш кунем, ки бо кору фаъолияти созанда, сатҳи баланди маърифати ахлоқию сиёсӣ, дониши баланди иқтисодию иҷтимоӣ, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ, қобилияти баланди кор бо технологияи замонавӣ, маҳорати олии кордонию корбарӣ ва давлатдорию давлатсозӣ ба боварии миллат сазовор гардем.

Насли имрӯза тамоми шароитҳо ва заминаҳоро барои ташаккули шахсияти мо фароҳам овардаанд то мо давлатдорию давлатсозиро омӯзем ва онҳо бо боварии комил масъулияти ватандориро ба ӯҳдаи мо гузоранд. Ин рисолати бузург, ифтихору шарафи воло ва кору заҳмати шабонарӯзӣ мебошад. Мо бояд абадан дар хотир дошта бошем, ки шарафи мо, рӯҳи мо, номуси мо, сиришти мо, дирӯзу имрӯзу фардои мо, хушбахтию хушрӯзии мо, сари болои мо, ҳаёти босаодату осудаи мо, нозу неъмати мо, шодию сурури мо ва манзили охирати мо дар Вата аст ва Ватан ягонаву муқаддас аст.

Мо ҷавонон бояд фаромӯш насозем, ки мо ҳар касе набошем бе Ватан ҳеҷем.

Агар мо сарватманди ҷаҳон бошему Ватан надошта бошем, пас сарватамонро дар куҷо сарф мекунем, куҷоро обод месозем, мо дар куҷо манзили охират ихтиёр мекунем, фарзандони мо дар куҷо тавлид шуда ба воя мерасанд, дар куҷо сайру гашт ва бозии кӯдакона мекунанд? Ҷавоб ба ин ҳама як аст Мулки бегона. Ғарибӣ.

Мо бояд кӯшиш ба он кунем, ки бо ватандӯстӣ ва кору фаъолияти созандаву ибратбахши худ фарзанди миллат шавем.

Қувватов Сайдулло, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 


[1] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj