• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ифротгароиро пешгирӣ мебояд

Кафедраи сиёсатшиносӣ 17-уми март тибқи нақша мизи мудаввар баргузор намуд. Пас аз сухани ифтитоҳии дотсенти кафедра Раҷабмоҳ Қосимова муаллима М.Имомназарова мавзӯи «Раванди модернизатсионӣ дар ҷомеа»-ро тавзеҳ бахшид. Ӯ қайд кард, ки «модерн» маънои навсозиро дорад. Инчунин, дар маънои «модернизатсияи сиёсӣ» таҷассуми ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, раванди ҳодисаҳо, тағйироти онҳо ва сатҳи инкишофи ҳаёти сиёсии ҷомеа фаҳмида мешавад.

Дар идома мудири кафедраи мазкур Ҳ.Бедилов дар мавзӯи «Идеологияи ифротгароӣ ва тундгароӣ дар муҳити ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он» маърӯза намуда, аз сабукфикрии баъзе ҷавонони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

- Ҷавонони ифротгаро ва ғофил худшиносии миллӣ, маълумоти динӣ надоранд ва аз нодонӣ ба ин роҳ мераванд,-гуфт дар охири маърӯза Ҳ.Бедилов.

Розияи Ҳомидҷон, хабарнигори ҷамоатӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru