• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи панҷмоҳаи

фаъолияти Парки технологӣ дар соли 2018

Матбааи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи январ то  ба имрӯз  як қатор корҳоро ба сомон расонидааст, аз ҷумла чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимю методӣ тамоми намуди варақаҳое, ки барои шӯъбаи кадрҳо, шӯъбаи муҳосибот, шӯъбаи таълим, , шӯъбаи умумӣ, шӯъбаи 2-юм, шӯъбаи хоҷагӣ, шӯъбаи тандурустӣ ва барои китобхонаи донишгоҳ заруранд чоп  намудасат.

Аз  моҳи январ  то имрӯз матбаа китобҳои зеринро бо теъдоди нашрҳои гуногун рӯи чоп оварда, ҳамчунин

китобҳои дигар дар навбат омодаи чоп мебошанд:

 

 

1

Китобҳои дарси

800 нусха

2

Навруста

900 нусха

3

Афтореферат

260 нусха

4

Дастурҳои методи

360 нусха

5

Муҳақиқ

45 нусха

6

Паёми донишгоҳ (4-71)

60 нусха

7

Паёми донишгоҳ (5-72)

60 нусха

 

Дар нақша

1

 

Навруста

2

Паёми донишгоҳ

3

Учебный методический комплекс дисциплины обшая психология

4

Асосҳои логопедия

5

Методикаи таълими биология

6

Мудофияи гражданӣ ва ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулода

7

История  таджикского народа

 

Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ

фаъолияти худро дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисодӣ ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиббӣ, биологӣ ва варзиш дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, аз моҳи январ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

1. Аз ҷониби кормандони шуъба бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муаррифии ихтисосҳои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳ ва ҷалби довталабон ба курсҳои семоҳаи тайёрӣ зиёда дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе бо хатмкунандагон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо оид ба аҳамияти курсҳои тайёрӣ гузаронида шуд;

2. Ҳамчунин дар ду шумораи рӯзномаи донишгоҳӣ «Омӯзгори ҷавон» эълони қабули довталабонро ба курсҳои семоҳаи тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои амалкунанда ҷиҳати омода намудани онҳо ба озмуни қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашр карда шуд;

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тарғиботӣ ба Шуъбаи таъёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои  номбар шуда, 52 нафар довталабон  ба курси семоҳаи тайёрӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Машғулиятҳои таълимии курсҳои семоҳаи тайёрӣ, дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳ аз 1-уми март оғоз гардидаанд.

Ҷиҳати таълиму тадриси шунавандагони курсҳои семоҳаи тайёрӣ  омӯзгорони соҳибунвону ботаҷриба аз кафедраҳои Донишгоҳ ҷалб карда шудаанд.

 

Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ

фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, дар панҷ моҳи аввали соли равон  як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст.

Аз ҷониби кормандони марказ бо мақсади гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни донишҷӯёни факултетҳо ва муаррифии Донишгоҳ ва ҷалби довталабон ба курсҳои семоҳаи забономӯзӣ дар 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе бо хатмкунандагон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо оид ба аҳмияти курсҳои семоҳаи забономӯзӣ гузаронида шуд;

Бояд қайд намуд, ки дар Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ  тибқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда корҳои зиёдӣ таблиғотию ташвиқотӣ дар самти ҷалби довталабон ба курсҳои забономӯзӣ гузаронида шуда, дар оянда гузаронидани як қатор корҳои дигар ҷиҳати ҷалби довталабон ба  курсҳои забономӯзӣ дар назар дорад.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тарғиботӣ ба Маркази  курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ 63 нафар довталабон  ба курси семоҳаи забономӯзӣ  ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

СЕХИ САНГТАРОШӢ

Парки технологӣ дар сехи сангтарошӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда, аз моҳи январ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонидаст.

Дар самти омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ аз қабили сангтарошӣ,   тайёр намудани лавҳачаҳо, нишонаҳо, навиштаҷотҳо,

аломатҳои рақамӣ, расму тасвирҳои сангӣ, резасангӣ, матогӣ, нақшҳои кошинкорӣ, калидҳои рамзӣ ва дигар намуд маснуотҳо бо истифода аз техникаю таҷҳизотҳои таълимии донишгоҳ созишномаи ҳамкориро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РУХОМ» ба имзо расонидааст.

Аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба курсҳои сангтарошӣ 30 нафар донишҷӯён аз факултетҳои география,  технология ва иқтисодиёт тариқи ройгон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ҳамчунин бо ҳамрои  ду нафар кормандони  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РУХОМ» бо 90 нафар донишҷуён дар боғи агролабараторӣ  дар дараи Ромит семинар ва машғулиятҳо гузаронида шуд.

 

 

СЕХИ ДӮЗАНДАГӢ

Парки технологӣ бо эълон гардидани соли 2018 соли рушди сайҳи ва ҳунарҳои мардуми курсҳои кутоҳмуддати дузандагӣ, аз қабили  либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, гулдӯзӣ, вишивка, чакандӯзӣ, зардузӣ қолинбофӣ  ва таъмиру тармими либосҳоро дар сехи дузандагӣ ба роҳ мондааст.

Дар сехи дузандагӣ 28 нафар донишҷӯ духтарон  дар курси кутоҳмуддати дӯзандагӣ  ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

Парки технологӣ  дар соли ҷорӣ  тасмим гирифтааст, ки барои хобгоҳҳои донишҷуён  рахти хоб ва барои донишҷуёни факултетҳои химия ва биология  хилъат дар сехи дузандагӣ  омода намояд.

 

УСТОХОНАИ КОРКАРДИ ЧУБУ ТАХТА.

Дар давоми панчмохи аввали соли ҷорӣ дар устохонаи коркарди чӯб корҳои зерин анҷом дода шуд:

1) 300 дона либосовезак сохта шуда ба қисмати хоҷагидории Донишгоҳ супорида шуд;

2) Мебелҳои хобгоҳи рақами 3-юми Донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд;

3) Барои кабинетҳои кории шӯъбаи 2-юм ва шӯъбаи умумӣ нимдевораҳо сохта шуд;

4) Роҳаткурсиҳои зали маҷлисгоҳи Донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд;

5)  Дари шуъбаи бакайдгирии паспортии донишгоҳ таъмир карда шуд.

6)  Барои факултети Забонҳои романӣ-германӣ 4 адад ҷевон сохта шуд.

7)  Барои сехи дузандаги мизи порагарии кори сохта шуд.

8) 3 адад роҳаткурси ва 5 дона курси аз таъмири капитали бароварда шуда ба кафедраи Географияи иқтисоди ва иҷтимоӣ супорида шуд.

Ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба иди Занон ва ороиши майдони Наврӯзии Донишгоҳ фаъолона иштирок намудем.Тибқи нақшаи кории устохона дар ин муддат бояд боз 100 адад тумбочка сохта мешуд ва мебелҳои хобгоҳи 2-юм аз таъмири капиталӣ бароварда мешуданд.Вале бинобар маблағгузори нашудан ба семоҳаи дуюм гузаронида шуданд.Айни хол барои сохтани мизҳои компютери аз маҳсулоти кухна ва корношоями худи тайёри дида истодаем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj