• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

СИЁСАТИ «ДУХӮРА» ХАТАР ДОРАД


Ба ҳамагон маълум аст, ки дар  Варшава шурӯъ аз 09.09.2018 ҷаласаҳо оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор шуда истодааст. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нишаст баъди таваққуфи яксола боз даъват шуда, бо роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Дар ҳайати намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар аз собиқ аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати ислом шомиланд.

Дар ин нишаст роҳӣ ёфтани аъзои ҳизб ва гурўҳҳои террористие, ки фаъолияти онҳо аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст, аз сиёсати «дўхура»-и ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.

Чӣ мешавад, агар аз тарафи ин созмон намояндагони гурўҳҳои террористие ба мисли  Ал-Қоида, Толибон, Боко Ҳарам ва ѓайраҳо ба ин нишаст даъват карда шаванд ва ба ин даъват ҷанобони ин созмон чӣ мегуфта бошанд? Ин кори ғайримумкин аст. Пас, чӣ гунае ки намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон иброз намуд, «террористро ба худӣ ва бегона ҷудо карда намешавад ва он дар кадом нуқтаи ҷаҳон набошад, террорист аст».

Аз ин лиҳоз, сиёсати «дўхура»-и ин созмон метавонад вазъи минтақаро ноором сохта, боз ба сари мардуми минтақа балоҳои навро ба бор орад.

САҲА набояд чунин сиёсатро пешаи худ намояд, зеро чунин муносибат обрў ва эътиборашро дар арсаи сиёсати байналхалқӣ коҳиш дода ва боварии аксари давлатҳоро нисбат ба ин ташкилоти бонуфуз кам мегардонад.

Ҳ. Бедилов,

мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj