• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Чорабинӣ бахшида ба бузургдошти устод Рӯдакӣ

 

Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ дар таърихи 22-юми сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур декани факултет М.Мадатзода, устодони кафедра Р. Ҳамроҳ, Х. Раҳимӣ ва дигарон иштирок ва маърӯза намуданд. Донишҷӯёни факултет дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат намуда, аз ашъори пандуахлоқии устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд. Гурӯҳе дигар аз донишҷӯён суханҳои бузургонро дар бораи мақом ва эътибори ин шоири бузург пешниҳоди аҳли нишаст намуданд. Бояд зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва бузургдошти он дар факултет ба таври анъанавӣ ҳамасола гузаронида мешавад.

 

 


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj