• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТО ОХИРИ СОЛ ДАР ДАР ҲАР ЯК ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН НА КАМ АЗ ДУ ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

 

Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то  охири  соли равон дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ  на кам аз ду ширкати сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳабибулло  Амирбекзода дар ҷаласаи «бизнес наҳорӣ», ки дар Душанбе  дар мавзӯи «Механизми самарабахши фароҳамоварии шароити мусоид барои ҷалби  сайёҳон ба Тоҷикистон» баргузор гардид, зикр намуд.  Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетологшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз созмондиҳандагони нишасти «бизнес-наҳорӣ» буда,  дар он намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, менеҷерону  маркетологшиносон,  устодони факултаҳои сайёҳии донишгоҳҳои кишвар  ва дигар намояндагони сохторҳои марбута ҳузур доштанд.           Ҳабибулло Амирбекзода зикр  намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз бахшҳои афзалиятноки барои рушди иқтисоди миллӣ мусоидаткунанда- сайёҳӣ дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Мавсуф афзуд, ки маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат беш аз пеш бахши сайёҳӣ густариш меёбад, ки таъсиси сохтори соҳавӣ-Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   эълон гардидани соли 2018 шаҳодати барҷастаи гуфтаҳост. Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи бахши сайёҳӣ таҳия,  қабул  ва такмил гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Барномаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030», инчунин  таъсиси маркази сайёҳӣ –иттилоотӣ,  иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин намоишгоҳи   байналмилалии сайёҳӣ дар самти муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, таҳияи роликҳо оид ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат бо забонҳои гуногуни хориҷӣ  аз  ҳамин қабиланд.

Назар ба иттилои муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат  барои  ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид – инфрасохтори бахши  сайёҳӣ  фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти беш аз сад ширкати сайёҳӣ, чор фурудгоҳи байналмилалӣ, ду  ширкати ҳавопаймоии миллӣ, се меҳмонхонаи дорои бренди ҷаҳонӣ, 170 меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, марказҳои сайёҳии иттилоотӣ далели ин гуфтаҳост, ки ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки дар саммити Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ /WTCF/, ки 7-9 сентябри соли равон дар шаҳри Чиндаои Чин доир гардид,   пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба узвияти WTCF пазируфта шуд, ки он аз муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Инчунин дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз 135 кишвари ҷаҳон беш аз 527 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 358 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон меоянд,  80 фоизашон аз минтақаи Бадахшон, ки бо зебоиҳои нотакрори табиат ва қуллаҳои сарбаафлокаш ҳамчун «Боми ҷаҳон» ном баровардааст, боздид менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҳам тавъам буда, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои миллӣ ба косибон  имтиёзҳо  пешниҳод намудааст, ки он барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид намудани маҳсулоти ҳунармандони тоҷик  ва муаррифии ҳунарҳои дастии миллӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи «бизнес-наҳорӣ» муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дастовардҳои бахши  сайёҳии кишвар аз мушкилоти соҳаи сайёҳии мамлакат  сухан  кард.

Мавсуф афзуд, ки яке  камбудиҳои соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат- ин нарасидани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо мебошад, ҳол он ки  дар даҳ донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат  факултаҳои сайёҳӣ амал менамоянд.

Дар ин росто,  раиси Ассотсиатсияи миллии  менеҷерон ва маркетологшиносони Тоҷикистон  Шавкат Бозоров гуфт, ки  бо мақсади омода намудани мутахассиони бахши сайёҳӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ,   Ассотсиатсияи мазкур дар  ҳамкорӣ  бо сохторҳои марбута, хусусан Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои самарабахш меандешад.

Дар ҷаласаи «бизнес наҳорӣ»  дигар масъалаҳои марбут ба  фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби  сайёҳон ба Тоҷикистон, истифодаи самараноки захираю имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии онҳо, истифодаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бахши сайёҳӣ ва   ҳалли мушкилоти соҳаи сайёҳӣ  баррасӣ шуда,  пешниҳодҳои ҷолиб манзур гардиданд.

арзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj