• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ХРОНИКАИ НБО «РОҒУН»:

Пешвои миллат – эҳёгари сохтмони бузурги аср

Пас аз чанд рӯз, аниқтараш  16 ноябри соли 2018 ҷаҳониён шоҳиди ҳодисаи таърихии барои тоҷикон муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати аввалини НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО хроникаи бунёди ин иншооти азими гидроэнергетикиро омода намудааст, ки манзури хонандагон мегардад.

 

Соли 1930–нақшакашии бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ.

Соли 1960 – шурӯи корҳои омӯзишӣ.
Соли  1974 – Лоиҳаи техникии НБО-и «Роғун», ки аз ҷониби шуъбаи осиёимиёнагии Институти «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд омода шуда буд, аз тарафи Госстройи СССР тасдиқ карда шуд.
Соли 1976 – шурӯи корҳои омодагӣ ба оғози сохтмони НБО-и «Роғун».
Сентябри соли 1976 – оғози бунёди НБО-и «Роғун».
Соли  1987 – Оғози бунёди дарғоти ин неругоҳ.
27 декабри соли 1987 – маҷрои дарёи Вахш баста шуд.
Соли 1990 – интиқоли ду гидротурбин ба макони сохтмон.
Соли  1993 – сохтмони сарбанди неругоҳ ба 40 метр расонида шуда, қариб  21 километр нақб канда шуд.
8 майи соли 1993 – сарбанди бунёдёфта дар натиҷаи обхезии шадид хароб шуд ва қисме аз нақбҳои кандашуда зери об монданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони НБО-и «Роғун» барои муҳлати номуайян боздошта шуд.
Соли  2004 – байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Русал» ҷиҳати анҷоми сохтмони НБО-и «Роғун» шартнома имзо карда шуд.
26 сентябри соли 2005 — оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун»
Сентябри соли 2007 – бинобар ҳосил нашудани мувофиқа дар масъалаи баландии сарбанди НБО-и «Роғун» шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Русал» бекор карда шуд.
30 майи соли 2008 – Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун, боздид аз иншооти сохташаванда ва мулоқоташон бо коргарони НБО-и «Роғун».
28 октябри соли 2009 – Сафари навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии Роғун.
Соли  2010 – бунёди НБО-и «Роғун» аз нав шурӯъ гардид.
Соли  2010 – байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО-и «Роғун» шартнома ба имзо расид.
Декабри соли 2010 – анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар нақби аввали иншооти сохташаванда.
Феврали соли 2011 – Пудратчии баргузории ташхис ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd» интихоб гардид.
10 июли соли 2012 — Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Роғун ва боздид аз НБО-и «Роғун».
15 июли соли 2015 – Сафари навбатии Пешвои миллат ба шаҳри Роғун, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозии НБО-и «Роғун» ва ифтитоҳи Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ.
04 августи соли 2016 – Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар неругоҳ.
05 августи соли 2016 – Боздиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мулоқот бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ.
29 октябри соли 2016 – тағйири маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
10 майи соли 2017 — Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», мулоқот бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии неругоҳ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ.
26 июли соли 2018 — Сафари кории навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», боздид аз толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳои НБО-и «Роғун», шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и неругоҳ.
16 ноябри соли 2018 – санаи таърихӣ- ба истифода додани  агрегати аввали НБО «Роғун».

 


АМИТ «Ховар»


 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj