• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова, раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г. Баротова, мудири шуъбаи тарбия Қ. Иброҳимов, мудири бахши фарҳанг О. Ашурова ва дигар устодону донишҷўёни донишгоҳ ширкат доштанд.

 

Пас аз садо додани суруди миллии кишвар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова омӯзгорону донишҷӯёнро бо ин санаи муҳимми давлатӣ табрик намуда, дар маърӯзаи хеш оид ба ҷойгоҳу нақши ин рамзи давлатдорӣ дар боло бурдани худшиносию худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯёни факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ оид ба Парчами давлатӣ якчанд маърӯзаву фикру назарҳо пешниҳод гардид. Дар идома донишҷӯён дар васфи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат намуда, “Суруди Парчам”-ро тариқи хори умумӣ ба самъи тамошобинон расониданд. Пас аз иҷрои саҳначаи намоишӣ ва суруду таронаҳо аз тарафи донишҷӯён, ба баъзе омӯзгорони факултет ифтихорномаҳои донишгоҳ тақдим карда шуд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj