• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

 

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ, давлати тоҷикон, тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини меъмории сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Ба хотири мақому манзалати парчам ҳамчун рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди пояи бузурги парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳриДушанбе Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон буд, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 м ва дарозӣ ё паҳноии он 60 м мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад.

Дирафши Ковиён то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин - мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чуноне, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд.

Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиклолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон шароити мусоид фароҳам овард.

Парчами давлатии Точикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб мешавад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшони мекунад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буд, қадрдонии онҳо барои ҳар як шахрванди Точикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумон пешниҳод намуданд. Боиси қаноатмандист, ки бо қабули қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 таҳти № 892 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат аз 10 боб тасдиқ карда, дар он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. 12 майи соли 2007 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар он тартиби афрохтани Парчам, ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда, 24 ноябр - Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид қонунӣ гардонида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

 

М. Мирзоев, Ҳ. Дарвозиева, Шаҳлои Ш.,
ассистентони кафедраи таърихи умумӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj