• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ширкати донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар чорабинии идонаи фарҳангӣ

Бо мақсади истиқболи сазовор аз Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24-уми ноябр шумораи зиёди донишҷӯёну устодони донишгоҳ ба майдони Муассисаи давлатии «Боғи парчами давлатӣ»-и шаҳри Душанбе ҳозир шуда, дар қатори дигар муҳассилину кормандони донишгоҳу донишкадаҳо, вазорату идораҳо ва сокинони пойтахт дар чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ» иштирок намуданд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки чорабинии мазкурро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба иштирокчиён қироат карда шуд. Пас аз суханронии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе донишҷӯёну сокинони пойтахт дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ зери савту навои барномаи рангини консертӣ хушҳоливу фароғат намуданд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj