• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

НБО “РОҒУН” – ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Тоҷикистон бо мавқеи ҷойгиршавии географии худ дар минтақае қарор гирифтааст, ки сарчашмаи ташаккули захираҳои обии минтақа мебошад. Истифода аз ин захираҳо омил ва шарти асосии таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва баланд гардидани мавқеи сиёсии он ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

 

Аммо барои истифодаи ҳамаҷониба аз ин захираҳо инфрасохтори зарурие лозим аст, ки ба воситаи он мо тавонем ин захираҳоро ба манфиати худ идора карда бошем. Дар замони муосир идора ва истифода карда тавонистани захираҳои табиӣ, махсусан захираҳои обӣ, шарти асосӣ дар роҳи рушди устувор мебошад.

Бо назардошти ин, ҷиҳати идора ва оқилона истифода намудани захираҳои обӣ барои Тоҷикистон сохтани инфрасохтори гидроэнеркетикӣ омили муҳимтарин мебошад, ки НБО «Роғун» муҳимтарин аз онҳо маҳсуб меёбад.

НБО «Роғун» иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад, ки ба воситаи он мо имкони идора намудани захираҳои обии худро пайдо менамоем ва маҳз ба ҳамин восита мо метавонем манфиатҳои обӣ-миллии худро ҳифз созем.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда зиёда аз 54,6%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Аммо Тоҷикистон аз он ҳамагӣ аз ҳисоби Сирдарё 7% ва аз ҳисоби Амударё 15,2%-ро истифода менамояд.

Аммо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ дар самти истифода ва истеъмоли захираҳои обии дар Тоҷикистон ташаккулёбанда мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Масалан, саҳми давлатҳои минтақа дар ташаккулёбии захираҳои обии баҳри Арал чунин аст: Қирғизистон 5,3%, Узбекистон 7,6%, Қазоқистон 3,9%, Чин ва Покистон дар якҷоягӣ 5,4%.

Аммо истифода ва истеъмоли захираҳои обии минтақа тамоман нишондоди дигар аст. Дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи даврони шӯравӣ аз захираҳои обии Сирдарё Узбекистон 50,5%, Қазоқистон 42% ва Қирғизистон 0,5%-ро истифода ва истеъмол менамоянд. Аз захираҳои обии Амударё бошад, Узбекистон 42,2%, Туркманистон 42,3% ва Қирғизистон 0,3%-ро истифода менамоянд.

Яъне захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбанд, аммо истифодабарандагони асосии онҳо Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошанд, ки ин ба манфиатҳои миллии мо созгор нест.

Омили асосии ин нишондод аз он иборат аст, ки Тоҷикистон то ба пуррагӣ ба истифода додани НБО “Роғун” ва дигар иншоотҳои гидроэнергетикии худ имкони камтарро дар ихтиёр дошт, ки захираҳои обии худро ба манфиати миллӣ ва минтақавӣ истифода намояд.

НБО “Роғун” дар баробари аҳамияти баланди гидроэнергетикӣ доштан, инчунин дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва обёрии минтақавӣ нақши созгор дорад. Масалан, баъди ба пуррагӣ ба истифода додани ин иншоот зиёда аз 480 ҳазор гектар замин дар минтақа, аз ҷумла 140 ҳазор гектар дар Туркменистон ва 240 ҳазор гектар дар Узбекистон обёрӣ карда мешавад, ки ба нафъи давлатҳои минтақа мебошад.

Дар маҷмӯъ манфиатҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ду унсури асосӣ таркиб ёфтаанд. Якум, манфиатҳои кишоварзӣ ва манфиатҳои гидроэнергетикӣ. Манфиатҳои кишоварзӣ ба давлатҳои Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон хосанд, ки онҳо бештар ҷонибдори истифодаи захираҳои обии минтақа бо мақсади обёрии заминҳои кишт ва соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон бошанд, манфиатдори соҳаи гидроэнергетика мебошанд, ки асоси таъмини тараққиёти ҳамаҷонибаи ин давлатҳо ба рушди соҳаи гидроэнергетика вобаста аст.

Нозукии дигар дар он аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон асосан давлатҳои обистифодабаранда мебошанд, яъне дар соҳаи гидроэнергетика ҳангоми истифодабарӣ миқдор ва сифати об тағйир намеёбад ва об дар ҳамон миқдор ва ҳаҷмаш баъди истеҳсоли қувваи барқ боқӣ мемонад. Давлатҳои Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон обистеъмолкунанда мебошанд. Яъне асоси сиёсати обии онҳо ба соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст, ки дар ин соҳа об ё ба пуррагӣ нест мешавад ва ё ҳаҷми ками он боқӣ монда, сифаташ тағйир меёбад.

Яъне манфиатҳои обии Тоҷикистон ба манфиатҳои обии ҳеҷ як давлати дигари минтақа мухолифат намекунад ва Тоҷикистон сиёсати гидроэнергетикии худро дар асоси ҳифзи манфиатҳои минтақавӣ идома медиҳад, ки “Роғун” яке аз он иншоотҳо мебошад, ки бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бунёд гардида истодааст.

Сайдулло Қувватов,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj