• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ФАРОГИРИИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БА ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Баларус ба номи Максим Танк беш аз 25 нафар омӯзгорони донишгоҳ ба такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии “Омӯзиши фишурда: усули ташкили раванди таълим” фаро гирифта шуданд. Барномаи мазкур дар донишгоҳ 17-уми декабр оғоз ёфта, 36 соати таълимиро фаро мегирад.

 

Ба омӯзгороне, ки ба такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд, ду нафар мутахассисон аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи М.Танк номзадҳои илми педагогика, дотсентон Олга Клезович ва Юлия Кислякова омӯзиш мегузаронанд. Барномаи таълимии такмили ихтисос дар 2 бахш ва 11 тренинг ба нақша гирифта шуда, дар доираи он шунавандагон оид ба ҷанбаҳои ташкилӣ, муҳтаво ва таҷрибаи татбиқи технологияҳои фишурдаи омӯзишӣ малака ҳосил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ташкили барномаи такмили ихтисос бо ҷалби мутахассисон аз Беларус дар заминаи мулоқоти ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ ва ректори ДДОБ ба номи Максим Танк Александр Жук, ки моҳи майи соли 2018 баргузор гардид, сурат мегирад. Дар мулоқоти мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф шартномаи дуҷониба оид ба таҳсилу таҷрибаи мутақобилаи донишҷӯёну омӯзгорон ба имзо расида буд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj