• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Маълумотнома

оид ба таърих ва фаъолияти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати элктронии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ бо фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007с., таҳти №330 ва бо фармоиши ректори  донишгоҳ аз 13.04.2007с. таҳти №46-ХК дар назди Раёсати донишгоҳ  бо мақсади саривақт амалӣ намудани талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф” бо номи  “Бахши хадамоти назорати сифати таълим” дар ҳайати 3 нафар  таъсис дода шуд. Дар давоми фаъолияти худ шуъбаи мазкур чандин маротиба тағйири ном намудааст.  Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ соли 2012 ба “Маркази мониторинги сифати таълим”, аз соли 2013 ба “Бахши идоракунии сифати таълим”, соли 2017 “Шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ”  аз соли 2019 инҷониб ҳамчун “Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ” амал менамояд. Дар ин муддат шуъбаи номбурдаро устодони бо таҷриба  Маҳмудов М., Шарипова Г., Шарипов М., Бедилов Ҳ., Алиев А., Сияҳаков С., Ҳусейнов А., Шерматов Б., Давлатов Р. роҳбари намуда, ҷиҳати  беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ фаъолияти назаррасеро  ба анҷом расонидаанд. Аз соли 2022 то ин ҷониб шуъбаро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳакимов Раҷаб Муродович роҳбарӣ  менамоянд ва зери роҳбарии устод 6 нафар корманд  аз ҷумала 5 нафар сармутахассис Ҳамидов Б., Сиддиқов А., Файзуллоев Ф., Мирзоев Б., Сатторов Б. ва як нафар мутахассис Сафаров Ш. фаъолият  менамоянд.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронии донишгоҳ  фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ (мактабҳои олӣ)- и  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ», «Низомномаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ», қарорҳои Шӯрои олимон ва Шӯрои илмӣ-методии  донишгоҳ, дастуру супоришҳои ректор ба роҳ монда, бо мақсади тадбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста ба ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунанда назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ баҳо медиҳад.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ ҳоло яке аз марказҳои таълимию методӣ дар донишгоҳ ба шумор рафта, роҷеъ ба масоили ташкил, ҷорисозӣ ва инкишофи низоми сифати таҳсилот, болоравии сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён мунтазам мониторингҳо, санҷишҳои корӣ ва машваратӣ гузаронида, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба ҷаласи  Шӯрои  олимон ва Раёсати донишгоҳ пешниҳод менамояд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ бо Раёсати таълим, илм,  шуъбаҳои  тарбия, равобити байналмиллаӣ, факултетҳо,  кафедраҳои тахассусӣ, умумидонишгоҳӣ ва дигар зерсохторҳои донишгоҳ бо воҳидҳои сохтории зерин фаъолияти якҷояро ба роҳ мемонад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj