• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сипосгузорӣ аз донишгоҳ барои таблиғу ташвиқи сайёҳӣ

Санаи 26-уми  январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе озмунҳо бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018 – Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ҷамъбаст гардиданд. Ин озмунҳо бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.

 

Лозим ба тазаккур аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар чорабинии мазкур барои ҳамкориҳои судманд дар таблиғу ташвиқи захира ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Зимни ҷамъбасти озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» шоҳҷоиза насиби рассоми санъати ороишии амалӣ Ҷамшед Ҷӯраев гардида, ҷойи якумро ҶДММ «Асрори санг», ду ҷойи дуюмро ҶДММ «Рухом» ва ҶДММ «Карон» дар  ноҳияи Дарвоз, ду ҷойи сеюмро ҳунармандон аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  соҳиб гардиданд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj