• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории нишасти матбуотӣ дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнї санаи 28-уми январ нишасти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ намуда, оид ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти гуногунҷанбаи донишгоҳ, дастоварду муваффақиятҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда ва нақшаву вазифаҳои дарпешистода гузориш дод.

 

Зикр гардид, ки аз ибтидои соли ҷорї дар донишгоҳ 800 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 1 нафар академики АИ ҶТ, 1 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АТТ, 51 нафар доктори илм, 171 нафар номзади илм фаъолияти густурда доранд. Дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 68 ихтисос: 54 ихтисоси омӯзгорї ва 14 ихтисоси ғайриомӯзгорї бакалавр омода карда мешавад. Дар шуъбаи ғоибона (фосилавї) аз рӯи 27 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Барои таҳкими пояи моддї-техникї, таъмини нуқтаҳои қабули имтиҳонот, китобхонаи электронї ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди баргузории машғулиятҳо дар шашмоҳаи охир 230 компютер, 50 тахтаи электронї, 50 проектор харидорї шуда, ҳамзамон, 14 проектори корношоям ва 60 компютер таъмир гардиданд. Ҷиҳати беҳтар шудани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути 223 камераи дар аудиторияҳо насбшуда дарсҳо сабт ва ҳар ҳафта таҳлилу муҳокима карда мешаванд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки раёсати донишгоҳ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар соли сипаришуда 16 нафар омӯзгори донишгоҳ (2 нафар докторї ва 14 нафар номзадї) рисолаҳои илмии хешро бомуваффақият дифоъ карданд. Дар шуъбаи аспирантура ва докторантура 57 нафар таҳсил менамоянд. Дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос PhD бошад, 37 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, 164 нафар унвонҷӯ ба таҳқиқи мавзӯоти илмї машғуланд. Теъдоди китобҳои дарсї ва дастуру воситаҳои таълимї, ки дар соли 2018 бо қарори Шӯрои илмию методии донишгоҳ ба нашр расидаанд, 225 номгӯйро ташкил медиҳанд: аз ҷумла: 32 монография, 82 китоби дарсї ва 111 васоит ва дастури таълимї, илова бар ин китоби силсилаи Қаҳрамонони Тоҷикистон дар соли ҷорї рӯи нашр омаданд.

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбї ҷиҳати дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 13 соҳаи илм 5 нафар донишҷӯи донишгоҳ ҷойҳои намоёнро сазовор гаштанд. Донишгоҳ дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019 ҷои 3-юмро ишғол намуд.

Дар соли 2018 аҳли донишгоҳ дар 280 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявї, шаҳрї, ноҳиявї ва донишгоҳї (мизҳои мудаввар, семинар–машварат, конференсияҳои оммавї, намоишгоҳҳо, вохӯриҳо, фестивалҳо, ҷашнҳои миллї, чорабиниҳои фарҳангї-маърифатї, варзишї) нақши назаррас гузоштанд.

Дар муддати шаш моҳи ахир бо Донишгоҳи байналмилалии тадқиқотии Ҷетсзяни Ҷумҳурии халқии Чин ва макотиби олии Бухоро, Андиҷон, Деҳнав ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳо ба имзо расонида шуданд. Бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло оид ба таъсиси мактаби илмї дар назди факултети биология тавофуқ ҳосил гардид.

Дар нишасти матбуотӣ ин ва дигар дастовардҳои донишгоҳ дар самтҳои таълиму тарбия, илм, равобити хориҷӣ ва хоҷагидорӣ ба самъи ҳозирин расонида шуда, намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ба суолҳои худ посух гирифтанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj