• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қушунҳои сарҳадӣ кафили амнияти миллӣ

Санаи 14 феврали соли 2019 ба истиқболи «25-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи донишгоҳ бо иштироки омўзгорону донишҷуён мизи мудаввар доир карда шуд. Зимни баргузорӣ сараввал мудири кафедра,  н.и.т.,  Н. Шарипов  суханронӣ намуда, қайд карданд, ки қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди махсуси қушунҳое мебошанд,
ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзи, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.
Фаъолияти Қушунҳои сарҳадӣ дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  таъмини амнияти давлат,  эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии дигар давлатҳо ва мустаҳкамии сарҳадҳои давлатӣ ва осоиштаи масъалаҳои сарҳадӣ ба роҳ монда шудааст.
Қушунҳои сарҳадӣ дар ҳар давру замон кафили амнияти давлатӣ ва шаҳрвандони он буда, барои оромию осоиштагӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат дар ҷомеа  нақши бузург доранд. Маҳз қушунҳои сарҳадианд, ки имрўзҳо сарҳади ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намуда, оромию осиштагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намуда истодаанд.
Баъд аз ин устодони кафедра муаллими калон Олимов С. ва ассистент Азизов С. доир ба фаъолияти Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

 

 


Мудири кафедраи ҳуқуқ
Шарипов Н.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj