• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфили «Сиёсатшиноси ҷавон»

Санаи 21-уми феврали соли 2019  дар факултети физика бахшида ба рӯзи 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-мубоҳисавии донишҷўён «Сиёсатшиноси ҷавон» баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он Толиб Амиров ифтитоҳ намуда, аъзоёни маҳфил ва устодонро бо рўзномаи он  шинос намуд. Баъдан сухан ба донишҷӯёни курси 4-уми факултет Ашурова Лола ва Шукуров Зубайдулло дода шуд.

 

Маърузачӣ Лола Ашурова ибрози зикр карда ќайд намуд, ки нақши артиш дар замони имрўза дар таҳкими амнияти миллӣ хеле мўҳим мебошад. Маърўзачӣ дар баромадаш дар бораи мафҳум, моҳият ва наќши артиш дар ҳифзи давлатдории миллӣ маълумоти муфассал ироъа кард. Ин аст, ки артиш дар шароити имрӯза хусусиятҳои хосеро дар бар гирифта, таъсирашро ҳамеша ба пойдории ваҳдати милли мерасонад. Бояд гуфт, ки артиш ин такягоҳи давлату миллат буда, барандаи муносибатҳои сиёсӣ мебошад. Ҳамчунин қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар натиҷаи тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати кишвар ҳоло соҳиби инфрасохтори замонавӣ ва техникаву таҷҳизоти муоссири ҳарбӣ мебошад. Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди мо дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Маърўзачӣ Шукуров Зубайдулло дар баромадаш қайд намуд, ки Артиши миллӣ аз рўзҳои нахустини таъсисёбӣ сар карда, дар барќарор кардани сохти конститусионӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат хизмати арзанда карда, аз имтиҳони ҳаёт гузаштааст.

Роҳбари маҳфил Толиб Амиров баъд аз ба итмом расидани баромади маърӯзачиён суханро ба мудири кафедраи сиёсатшиносӣ н.и.с. доцент Бедилов Ҳ. дод. Бедилов Ҳ. дар баромади худ қайд намуд, ки байд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар як ҷойи холӣ, дар заминаи фронти халқӣ 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зимаи Қувваҳои Мусаллаҳ вогузор намуд. Халқ дар симои  хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба Савганди ҳарбӣ ва Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд. Сипас дар маҳфили донишҷўён намояндаи Раёсати илм ва инноватсия Зафари Умар баромад карда аз ҷумла  ќайд намуд, ки бояд ҳар як шаҳрванд дар кору зиндагӣ намуна ва дорои хислатҳои беҳтарини ҳамидаи афсарӣ ва инсонӣ бошад. Имрӯз мо бо эътимоди баланд гуфта метавонем, ки Артиши миллии ҷумҳурӣ аҳамияти касбӣ пайдо кардаасту ҳайати шахсии он баҳри ҳифз ва мудофиаи кишвар ҳамеша ҳиссагузор мебошад, зеро ин рисолати фардии ҳар як шахси бедордил ва ватандӯст мебошад.

Дар охир роҳбари маҳфил Амиров Т. доир ба бурду бохти Қувваҳои Мусаллаҳ баромад намуда, баъд аз нишон додани намоишномаи видеоӣ маҳфили илмӣ-мубоҳисавии “Сиёсатшиносони ҷавон”-ро пушида эълон намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj