• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таҷлил аз 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар санаи 22-уми феврали соли 2019 дар толори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро Ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфт. Сипас намояндаи комисариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ- Юсуф Камолзода  аҳли иштирокчиёни ҷаласаро ба ин муносибат табрик намуда, ба ҳамаи  онҳо бурдбориҳо орзӯ намуданд. Маърӯзаи муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ – Давлатшо Маҳмудов, ки он ба таърихи ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он бахшида шуда буд хело пурмуҳтаво буд. Дар чорабинии идона хизматҳои як қатор собиқ ҷанговарони башардӯст, ки алҳол дар донишгоҳ кору фаъолият доранд, қадрдонӣ карда шуданд. Дар анҷоми чорабинии  идона дар иҷрои дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фараҳангӣ маърази иштирокчиён гардонида шуд.

 

Шуъбаи тарбияи

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj