• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чорабинии тарғиботӣ

photo 8.jpg - 109.56 KbРӯзи 12 марти соли 2019 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ  бо қисми тарбия ва бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ ҷиҳати тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ дар байни занону ҷавондухтарон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯёни ДДОТ ба номи С. Айнӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ  сардори раёсати кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷ.Т Маҳбуба Азимова, намояндаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва собиқадори меҳнат (собиқ раиси ш. Турсунзода) Узақова Адолат Ҷурабоевна иштирок доштанд.

 

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонова Ҷ. оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ намуданд. Сипас  сухан ба Азимова Маҳбуба -  сардори раёсати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷ. Т дода шуд. Муаллима  дар бораи тарбияи ҷавонондухтарон дар бобати риояи фарҳанги либоси миллӣ, бегонапарастӣ,  шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ баромад карда қайд намуданд, ки эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ бояд дар мадди аввали назари мо қарор дошта бошанд. Ҷавонон ояндасози миллатанд. Ору номуси миллати тоҷик аз  ҷавонон манша мегирад. Ҷавонони тоҷик бояд дорои хислатҳои олӣ ва писандидаи  инсонӣ ба монанди хоксориву фурутанӣ, некӯкориву хирадмандӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ, илму маърифат ва одобу ахлоқ буда, бонангу бономус, боақлу   бохирад, ва дорои ҳисси баланди ватанпарастӣ бошанд ва хиради азалӣ дошта бошанд. Ҷавонон бояд Вахдати миллиро пос доранд, зеро ҷомеаи мо ҳамеша такя бар ҷавонон мекунад.

Имрӯз пеш аз ҳарвақта масъалаи пешгири намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ – терроризму экстримизм ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст. Идеологияи экстремистӣ, ки ҳоло  бо роҳу воситаҳои гуногун фаъол гардидааст, метавонад ҷавононро ба коми худ кашида, кишварро ноором созаду  ба ваҳдати миллӣ ва амнияти кишвари  соҳибистиқлоламон таҳдид намояд. Барои пешгири намудани ҷавонон аз  ин амали зишт ва номатлуб ва амнияти кишварамон як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки вохурии имрӯза яке аз онҳо мебошад. Ҷавонон дониста ё надониста ба ташкилотҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва дигар аз ҳалқаи он баромада наметавонанд. Бо супориши «хоҷаҳои худ» ин қабил ҷавонон тайёранд, ҳатто  падару модар ва хешу наздикони худро нобуд кунанд. Барои онҳо мафҳуми Ватан – Модар вуҷуд надорад. Дар майнаи тундраву ифротгароҳо танҳо як калима – куштор нақш бастааст. Бо фармони сарварони худ онҳо занону кӯдакон, пирону заифонро низ қатл мекунанд. Яъне қотил ҳастанд. Афсӯс, ки ба ин  қотилнажодҳо баъзе ҷавонони гумроҳ ҳамроҳ шудаанд. Аз ин сабаб , мо тасмим  гирифтем, ки дар макотибҳои олӣ бо насли ҷавон доир ба ин мавзӯъ сӯҳбатҳо ташкил кунем, ки то моҳияти ҳаракату ҳизбҳои ғайриқонуниро фаҳмонем. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҷавонон пас аз хатми донишгоҳҳо ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, ба доми чунин хоҷагони авомфиреб наафтанд, ба умеди маблағи калон ба Туркия нараванд, ки аз он ҷо ба Сурия  як қадам роҳ аст. бузургони мо гуфтаанд:

Бад макун, ки бад афтӣ,

Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Аз ин, рӯ  ҳамеша ҳаёти неку хуррамонаро бояд ҳавас кард. Одамиро танҳо кору кирдори нек номвар мекунад. Бояд ҷавонони азизи мо, ки ворисони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд,  тамоми нерую маҳорат ва малакаи  хешро дар роҳи ободии диёр ва хизмат ба халқу ватан сарф намоянд.

Ҳамчунин дар вохурӣ  Узақова Адолат Ҷурабоевна -  собиқадори меҳнат  суханронӣ карда , аз ҷумла иброз доштанд, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ин тартибу интизом, одобу ахлоқ, тозагӣ, бахусус ба сару либоси донишҷӯён, дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва   шабакаҳоии иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон хеле назаррас  мебошанд. Масъулияти падару модар дар тарбияи насли наврас бояд як заминаи устуворе гузорад. Пайравӣ кардан ба фарҳанги бегона, пӯшидани сатру ҳиҷоб ҳамаи ин аввалин нишонаҳои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ мебошад. Чи хуб мешуд, агар тамоми шаҳрвандон, ононе, ки ба тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистон бетараф нестанд, ба ободии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намоянду алайхи террористу экстримист бетараф набошанд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи  Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам дар баромади худ ҷавононро васф намуда, аз эҷодиёти худ якчанд порчаҳои шеърии мазмуни баланди ватандӯстӣ доштаро ба ҳозирин қироат намуд.

Дар охир  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ -  Мусоҷонова Ҷ. дар тақвияти суханҳои баромадкунандагон ба донишҷӯён моҳияти масъалаҳои баррасигардидаро зикр карда, аҳли нишастро ба саҳм гузоштан дар рушди босамари ҷомеа ҳидоят намуд.

 

Мудири бахши кор бо

занону духтарон Саидова Г.

photo 1.jpg - 94.21 Kb

photo 6.jpg - 92.26 Kb


photo 3.jpg - 108.63 Kb

photo 5.jpg - 56.84 Kb

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj