• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА «РӮЗИ ҒАЛАБА»

z 34.jpg - 98.68 KbДар таърихи 7-уми майи соли 2019 бо ташаббуси роҳбарияти ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба хотири гиромидошти 74-умин солгарди ғалабаи мардуми сулҳпарвари дунё бар фашизм дар зери лавҳаи «Поси хотир» лавҳаи ёдномаи устодону кормандони донишгоҳ, ки дар набардҳо алайҳи фашизм ҷонбозиҳо кардаанд, маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид. Гулчанбари ҷашниро дар зери лавҳа ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ва раиси шӯрои собиқадориони ҷангу меҳнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ профессор Савриддинова Ҳалима гузоштанд.

Нахуст ҷаласаи ҷашнии 9-уми май «Рӯзи Ғалаба» - ро ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон.Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳамагонро табрик намуда ва ҷовидонӣ, қаҳрамонии халқи тоҷикро таъкид кард. Баъдан раиси шӯрои собиқадориони ҷангу меҳнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ профессор Савриддинова Ҳалима  маърӯза карда, зарурияти ин ғалабаро, ки сулҳу сафои имрӯза натиҷааш аст, ёдрас намуд.

Сипас, раиси иттифоқи касабаи донишгоҳ Бӯриев Маҳмадалӣ корномаву қаҳрамонии тоҷиконро дар набардҳои ҷанги зидди фашизм намунаи беҳтарини мардонагӣ ҳисобид ва чанд маълумоти ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рабтдоштаро ба ҳозирин пешкаш кард.

Дар идомаи ҷаласа ректори донишгоҳ собиқадорони меҳнатро, ки зодрӯзашон қабл аз «Рӯзи Ғалаба» мувофиқ омадааст, бо нахустташаббус, яъне маоши якдафъаина ба андозаи 300 сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Аз ҷумлаи устодони қадргардида профессор Пирумшоев Ҳайдаршо ҳозиринро бо «Рӯзи Ғалаба» таҳният гуфтанд.

Дар интиҳо бахши фарҳангӣ дар иҷрои дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо суруду рақсҳои дилошӯб хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Раёсати ДДОТ ба номи С. Айнӣ

z 31.jpg - 134.48 Kbz 32.jpg - 123.95 Kbz 33.jpg - 108.76 Kbz 34.jpg - 98.68 Kbz 30.jpg - 137.83 Kbz 35.jpg - 86.65 Kbz 37.jpg - 92.59 Kbz 38.jpg - 95.35 Kb

z 39.jpg - 98.61 Kb z 40.jpg - 98.34 Kb z 41.jpg - 98.51 Kb z 42.jpg - 90.01 Kb

z 43.jpg - 62.66 Kb z 44.jpg - 84.51 Kb z 45.jpg - 66.53 Kb z 46.jpg - 85.34 Kb

z 47.jpg - 65.85 Kb z 48.jpg - 91.22 Kb z 49.jpg - 87.83 Kb z 50.jpg - 82.95 Kb

z 51.jpg - 64.71 Kb z 52.jpg - 89.37 Kb z 53.jpg - 72.44 Kb z 54.jpg - 66.99 Kb

z 55.jpg - 100.16 Kb z 56.jpg - 94.02 Kb z 57.jpg - 89.82 Kb z 58.jpg - 68.23 Kb

z 59.jpg - 86.12 Kb z 60.jpg - 79.69 Kb z 61.jpg - 82.97 Kb z 62.jpg - 89.05 Kb

z 63.jpg - 78.96 Kb z 64.jpg - 77.32 Kb z 65.jpg - 81.15 Kb z 66.jpg - 79.96 Kb

z 67.jpg - 77.95 Kb z 68.jpg - 90.64 Kb z 69.jpg - 91.74 Kb z 70.jpg - 92.09 Kb

z 71.jpg - 90.28 Kb z 72.jpg - 85.51 Kb z 73.jpg - 95.92 Kb z 74.jpg - 92.79 Kb

z 75.jpg - 86.60 Kb z 76.jpg - 94.83 Kb z 77.jpg - 100.62 Kb z 78.jpg - 99.97 Kb

z 79.jpg - 90.43 Kb z 80.jpg - 94.89 Kb z 81.jpg - 100.53 Kb z 83.jpg - 87.89 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj