• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Вохӯрии манфиатбор дар коллеҷ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи донишгоҳ 20-уми октябри соли равон мулоқоти муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур И.Назаров бо донишҷӯён баргузор гардид.

И.Назаров зимни суханронии худ ҳадаф аз вохӯриро пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» унвон кард.

 

Дар идомаи ҳамоиш директори коллеҷ Ш.Қурбонова зикр намуд, ки бо донишҷӯён ва волидайни онҳо мунтазам дар доираи талаботи қонуни мазкур вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад миёни толибилмон ва намояндаи ШКД доир ба мавзӯъҳои баррасишуда  саволу ҷавоб баргузор гардид.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj