• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конференсияи бошукӯҳ бахшида ба Конститутсия

Ба ифтихори 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми ноябр дар донишгоҳ зери унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар хусуси моҳият ва аҳамиятнокии Сарқонун суханронӣ намуд.

Мавсуф, аз ҷумла, таъкид дошт, Қонуни асосии мо дар радифи беҳтарин Конститутсияҳо қарор дорад ва ҳангоми таҳия ва қабули он шахсиятҳои маъруфе корҳои шоистаро анҷом додаанд. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мешавад. Сарқонун ҳуҷҷатест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми октябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки бештар аз 87 фоизи мардум аз он ҷонибдорӣ намуданд, қабул гардидааст.
Дар идомаи сухан ректор аз ҷавонон, донишҷӯён, даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фаъолияти хешро дар чаҳорчӯбаи қавонини ҷории мамлакат ба роҳ монанд.
Сипас, устоди кафедраи ҳуқуқи донишгоҳ, профессор И.Бӯриев дар мавзӯи «Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар устувор намудани падидаҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории тоҷикон» ва мудири ҳамин кафедра, дотсент Ф.Давлатов дар мавзӯи «Нақши Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯзаҳои пурмуҳтаво қироат намуданд. Дар баромади онҳо зикр гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистон номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсонро васеъ гардонда, татбиқи онҳоро кафолат додааст. Дар Конститутсияи амалкунандаи мо боби дуюм ҷои муҳимро ишғол мекунад, зеро он ҳолати ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба танзим медарорад. Пеш аз ҳама, ин боб усул ва кафолати ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд.
Бо ҳамин қисми ифтитоҳӣ анҷом пазируфт ва конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод, ки дар маҷмӯъ 24 маърӯза мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj