• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ҲАР ҶО, КИ КУНУН ҲАТС ЗАНАНД, ЗИКРИ КАМОЛ АСТ...

139.JPG - 140.32 Kb

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо раёсати ДДОТ ба номи Сариддин Айнӣ конфронси илмии байналмилалии онлайнӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тоҷику форс” баргузор гардид. Конфронс бо суханронии муовини ректори ДДХ оид ба илм доктори илмҳои педагогика Хайрулло Сабурӣ оғоз ёфт ва ӯ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуд. Аз ҷумла мавсуф аз баргузории ҷашни 700 солагии Камоли Хуҷандӣ, ки бо қарори Юнеско чанде пеш дар зодгоҳи шоир, шаҳри Хуҷанд доир гардид изҳори назар намуда, аз муҳимтарин дастовардҳои олимони донишгоҳ дар ин самт тазаккур намуд. Барандаи конфронс номзади илмҳои филология дотсент Саидумрон Саидов ҳозиринро бо барномаи конфронс шинос намуда, иттилоъ дод ки ба конфронси имрӯзаи онлайнӣ донишмандон аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон хоҳанд пайваст. Маърӯзаи нахустин “Аҳамияти дастхатҳои нав дар матншиносии ашъори Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, он аз ҷониби доктори илми филология, профессор Фахриддин Насриддинов ироа гардид. Ин донишманд аз муҳимтарин вазифаҳои минбаъдаи муҳаққиқон дар мавриди ҳаллу фасли масоили матншиносии ашъори Камоли Хуҷандӣ ҳарф зад. Доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ, Мирзо Муллоаҳмадов дар мавзӯи “Камол –сарояндаи ишқу зебоӣ” – гузориши муфассале ироа намуда, аз арзиши баланди ашъори шоир дар мавриди тасвири воқеияти ҳаёт бо мисолҳои мушаххас фикрҳои ҷолиб баён намуд. Ӯ гуфт, ки шеъри Камолро аз назари арзишҳои модӣ ва заминӣ баррасӣ намудан ба воқеият наздик хоҳад буд. Андар маърӯзаи “Шинохти Камол дар Руссия “,-и доктори илми филология, профессор Матлуба Мирзоюнус аз шӯҳрати шоири тоҷик дар ин кишвар ва сатҳи баррасии ашъори ӯ арзи сухан рафт. Ҳамчунин ин донишманд оид ба сатҳи тарҷумаҳои ғазалҳои Камол ба забони русӣ хулосаҳои худро бо чанд мисоли мубрам баён намуд. “Камоли Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек” –гузориши номзади илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ваҳҳоб Раҳмон аз шӯҳрати Камол дар адабиёти ӯзбек маншаъ мегирифт. Махсусан аз таваҷҷӯҳ ва муҳаббати сардафтари адабиёти ӯзбек, шоир Алишер Навоӣ ба ашъори Камол бо мисолҳои мушаххас фикрҳои ҷолиби илмиро зикр намуд.

Маърӯзаҳои “Маърифати назар дар ғазалиёти Камол - и доктори илми филология, профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Шарифмурод Исрофилниё, “Фарҳанги ашъори Камол” ва маърифати шеъри шоир - устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Шоҳаҳмад, “Ҷилваи қиссаҳои ғиноӣ дар шеъри Камоли Хуҷандӣ”-и номзади илми филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Фарғона Исомаддинов Фарҳод андешаҳои тоза ва ҷолиберо дар худ таҷассум менамуд, ки дар таҳқиқи минбаъдаи осори шоир судманд хоҳад буд.

Дар ин раванд, аз ҷониби донишмандон Шарифҷон Тоҷибоев, Муҳаббат Тиллохӯҷаева, Мавҷуда Ӯрунова, Субҳон Аъзамзод ва дигарон, умдатарин андешаҳо андар шинохти рӯзгор ва осори Камол шунида шуд.

Минбаъд, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  баргузории ин гуна конфронсҳои илмии онлайниро дар якҷоягӣ бо ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар донишгоҳҳои кишвару берун аз он бештар ба роҳ хоҳад монд.

 

Суратгузориш аз рафти конфронс:

 

131.JPG - 125.29 Kb 132.JPG - 132.97 Kb 133.JPG - 150.44 Kb 134.JPG - 171.19 Kb

135.JPG - 143.73 Kb 136.JPG - 98.60 Kb 138.JPG - 161.67 Kb 139.JPG - 140.32 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj