• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ!


147.jpg - 84.67 Kb

Рӯзи 10-уми декабри соли 2020 дар асоси барқияи телефонии КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ва ташаббуси бевоситаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 26 –умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби ормонҳои миллӣ” бо иштироки аъзои раёсати ташкилот Акобир Мирзораҳимов, муовини раиси ташкилот Дилшод Раҷабов, котиби ташкилот Давлатшоҳ Каримов ва як қатор аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст аъзои раёсати ташкилот Акобир Мирзораҳимов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеаи кунунӣ мавқеи сазовор пайдо намуда, фаъолияти худро 26 сол муқаддам оғоз намудааст. Дар идомаи ҳамин соати сиёсӣ Паёми шодбошии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи котиби ин ташкилот Давлатшоҳ Каримов қироат карда шуд. Дар фарҷоми ин мизи мудаввар муовини раиси ташкилот Дилшод Раҷабов баромад намуда, номаи шодбошии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ироа намуд. Дар баробари ин, ба якчанд нафар омӯзгорони донишгоҳ, ки нав ба сафи ҳизб шомил гардидаанд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд. Инчунин ба ифтихори ин рӯзи таърихӣ ғолиби озмуни иншои беҳтарин дар миёни донишҷӯёни донишгоҳ муайян карда шуд.

 

 

141.jpg - 99.13 Kb 142.jpg - 97.24 Kb 143.jpg - 76.34 Kb 144.jpg - 103.38 Kb

145.jpg - 99.15 Kb 146.jpg - 63.30 Kb 147.jpg - 84.67 Kb 148.jpg - 63.22 Kb

149.jpg - 88.93 Kb 150.jpg - 85.00 Kb 151.jpg - 99.34 Kb 152.jpg - 107.89 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj