• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ҲАМА ГӮЯНД, ВАЛЕ ГУФТАИ САЪДӢ ДИГАР АСТ!

144.JPG - 187.20 KbИмрӯз, санаи 15-уми феврали соли 2021, бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Саъдихонӣ” таҳти унвони “Бани одам аъзои якдигаранд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи шӯҳрати ҷаҳонии Саъдӣ ва эҷоди ҷаҳонсайри ӯ суханронӣ намуд. Сипас, д.и.ф., профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик Элбоев Вафо дар мавзӯи “Суннати девонбандии Саъдии Шерозӣ” маърӯза намуд. Дар ҷамъбасти маҳфил барои болидарӯҳии иштирокҷиён аз ҷониби донишҷӯёни курси аввали факултет, зери роҳбарии муовини декан оид ба корҳои тарбия Валиев Ҷамшед барномаи фарҳангӣ вобаста ба ҳаёту осори шоири ширинсухан Саъдии Шерозӣ иборат аз шеърхонӣ, байтбарак, саҳначаи тарбиявӣ, суруд ва рақс пешниҳод гардид.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти баргузории маҳфил:

143.JPG - 178.34 Kb 144.JPG - 187.20 Kb 145.JPG - 187.50 Kb 146.JPG - 186.10 Kb

147.JPG - 233.04 Kb 148.JPG - 217.49 Kb 149.JPG - 210.72 Kb 150.JPG - 203.18 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj