• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

«КИТОБ – КАЛИДИ МАЪРИФАТ»

34.jpg - 62.51 KbРӯзи 17-уми марти солии 2021 дар факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 90-солагии донишгоҳ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав ва инчунин ба хотири иштирок дар озмуни умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни дигаре бо номи “Китоб – калиди маърифат”, ки санаи 20.02.2021 оғоз шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, дар он донишҷӯёни бахшҳои гуногуни факултет иштирок намудаву ба даври ниҳоӣ 6 нафари онҳо роҳ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳайати комиссияи озмун аз декани факултет д.ит. Ҳусайнов А., муовини декан оид ба илм, н.и.т., Зарифов Н., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, н.и.п., Мусоев К., иборат буданд. Дар ҷамъбасти озмун 5 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, Холзода Алишери Навоӣ ҷойи якум, Орзуева Орифа ва Зиёев Салмон ҷойи дуюм, Авезов Муллоназар ва Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи сеюм интихоб гардиданд.

Ғолибони озмун аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов А., бо китоби “Шеър-ул-аҷам”, “Қаҳрамонони Тоҷикистон” ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мирзораҳимов А., зимни суханронии худ таъкид намуд, ки маҳз баргузории чунин озмунҳо барои ҷалби бештари донишҷӯён ба донишандӯзиву мутолиаи китоб мусоидат намуда, барои кашфи чеҳраҳои нави фазои илмӣ низ мусоидат хоҳад кард.

 

29.jpg - 60.34 Kb 30.jpg - 85.26 Kb 31.jpg - 76.49 Kb 32.jpg - 78.07 Kb

33.jpg - 95.25 Kb 34.jpg - 62.51 Kb 35.jpg - 70.25 Kb 36.jpg - 79.19 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj