• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

БОЗ ДАР МУЛКИ КӮҲАН НАВРӮЗ ШУД, НАВРӮЗ ШУД...

8.JPG - 455.98 Kb

Бо фарорасии фасли баҳор ва омад – омади ҷашни Наврӯз табиати ватани азизамон Тоҷикистон ба худ зебоии хосро касб менамояд. Имрӯзҳо дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гашта истодааст. Ба ҳамин муносибат санаи 18-уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва маҳфил-озмуни “Гулдаст” дар майдончаи варзишии донишгоҳ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Амир Иброҳимзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҷӯрахонзода Ҷумахон, инчунин меҳмонон аз КИ ҲХДТ ва МИҲД-и дар ноҳияи мазкур, бо тантана таҷлил карда шуд. Нухуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд. Сипас, донишҷӯён дастоварҳои факултетҳои хешро ба намоиш гузошта, аз рӯи талаботи барномаи озмун, ки аз саломнома, бандкашӣ, номоиши либосҳои миллӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд. Дар идомаи чорабинӣ ҷиҳати қадрдонӣ ба иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ғолибон, устодони онҳо ва ба як қатор омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадиву докториашонро дар соли сипаришуда сарбаландона ҳимоя намудаанд, инчунин ба кормандони зерсохторҳо ва фаъолони ҲХДТ, муовинони декан оид ба корҳои таълиму тарбия, комендантон, иштирокчиёни бозиҳои варзишӣ ва фаррошони донишгоҳ бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинии наврӯзӣ аз ҷониби ансамбли  “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаш карда шуд.

Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ:

 

 

1.JPG - 539.29 Kb 2.JPG - 394.96 Kb 3.JPG - 464.29 Kb 4.JPG - 483.45 Kb

5.JPG - 471.89 Kb 6.JPG - 528.45 Kb 7.JPG - 394.91 Kb 8.JPG - 455.98 Kb

9.JPG - 547.35 Kb 10.JPG - 481.98 Kb 11.JPG - 479.46 Kb 12.JPG - 478.44 Kb

13.JPG - 425.57 Kb 14.JPG - 512.81 Kb 15.JPG - 495.96 Kb 16.JPG - 573.03 Kb

17.JPG - 535.28 Kb 18.JPG - 496.21 Kb 19.JPG - 465.89 Kb 20.JPG - 424.18 Kb

21.JPG - 469.54 Kb 22.JPG - 380.29 Kb 23.JPG - 385.52 Kb 24.JPG - 513.30 Kb

25.JPG - 330.92 Kb 26.JPG - 298.65 Kb 27.JPG - 301.11 Kb 28.JPG - 276.05 Kb

29.JPG - 270.57 Kb 30.JPG - 321.78 Kb 31.JPG - 346.79 Kb 32.JPG - 304.18 Kb

33.JPG - 287.42 Kb 34.JPG - 275.38 Kb 35.JPG - 254.21 Kb 36.JPG - 389.04 Kb

37.JPG - 213.56 Kb 38.JPG - 425.34 Kb 39.JPG - 377.01 Kb 40.JPG - 441.60 Kb

41.JPG - 322.37 Kb 42.JPG - 307.39 Kb 43.JPG - 339.00 Kb 44.JPG - 256.53 Kb

45.JPG - 333.40 Kb 46.JPG - 268.06 Kb 47.JPG - 414.66 Kb 48.JPG - 446.09 Kb

49.JPG - 294.26 Kb 50.JPG - 419.53 Kb 51.JPG - 484.03 Kb 52.JPG - 414.65 Kb

53.JPG - 260.74 Kb 54.JPG - 413.21 Kb 55.JPG - 267.84 Kb 56.JPG - 329.71 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj