• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

ЁДБУДИ ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

1.jpg - 39.19 Kb

19 марти соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи точики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмиву адабӣ бахшида ба 90-солагии зодрӯзи шоир ва драманависи шинохтаи тоҷик Файзулло Ансорӣ (20.03.1931 – 28.04.1980) баргузор гардид. Нахуст маҳфилро мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик, д.и.ф., профессор Шамсиддин Солеҳов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки мавсуф солҳои 1947-1951 дар Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (имрӯза ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил намуда, сипас як муддат дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст. Ш.Солеҳов ҳамчунин иброз дошт, ки эҷодиёти Файзулло Ансорӣ ифодагари самимитарин эҳсосоти шахс - қаҳрамони лирикӣ буда, пояи достони эпикиро дар адабиёти навини тоҷик устувор намуд ва аввалин драматурги тоҷик буд, ки драмаҳои манзуми ӯ падидаи нав дар адабиёти муосири тоҷик мебошад. Сипас дотсенти кафедраи мазкур Абдумаҷид Қурбонов зимни суханронии худ зикр намуд, ки шеърҳои шоир Файзулло Ансорӣ ба инсон руҳияи тоза бахшида, ҳисси муҳаббату садоқат ба Ватан, эҳтироми калонсолон ва гиромидошти анъанаву суннатҳои миллиро дар дили инсон бедор мекунад. Ӯ донишҷӯёнро ба хондан ва ҳифз намудани шеърҳои ин шоири лирик талқин намуд. Дар идомаи маҳфил аз ҷониби донишҷуёни курси 5-ум қироати шеърҳои шоир, раксу суруд ва инчунин саҳнаи тарбиявӣ пешкаши ҳозирин гардид. Дар фарҷом муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Чамшед Валиев иштирокчиёни ин маҳфили зеборо изҳори сипос намуд.

Суратгузориш аз рафти таҷлили 90-солагии Файзулло Ансорӣ:

 

 

 

 

2.JPG - 216.41 Kb 3.JPG - 211.38 Kb 4.JPG - 212.99 Kb

6.JPG - 164.35 Kb 7.JPG - 185.06 Kb 8.JPG - 121.81 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj