• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

«60-СОЛИ ФАТҲИ КАЙҲОН»

4.JPG - 197.28 KbРӯзи 12 апрели соли 2021 дар факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи кайҳоннавардон» таҳти унвони «60-соли фатҳи кайҳон» баргузор гардид. Конференсия бо иштироки намояндаи раёсати тарбияи донишгоҳ, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Нахуст декани факултетн.и.п., дотсент Умаров У.С. ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи кайҳоннавардон» табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҳамасола 12-апрелро ҳамчун рӯзи кайҳоннавардон дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Сипас маърӯзаҳои зерин аз ҷониби Лайло Мансур «12 апрел - рӯзи кайҳоннавардон», Қодирова Гулноза «Ракетаҳо ва парвозҳо ба кайҳон»,  Сафарбеки Ҳалим «Таърих ва инкишофи кайҳоннавардӣ» ва Эшонова Нозанин дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаолияти Ю.А.Гагарин» пешкаши ҳозирин карда шуд. Дар идома гурӯҳи донишҷӯён саҳначаи илмӣ таҳти унвони «Одам дар моҳ» ва рақси зебои миллиро бо маҳорати хуб иҷро намуданд. Ба хотири боз ҳам ҷолиб гузаштани конференсия байни иштирокдорон озмуни «Ҳозирҷавобон» баргузор гардид, ки  донишҷӯён дар он фаъолона иштирок карданд.

Дар ҷамъбаст садорати факултет ба донишҷӯёне, ки дар таҷрибаомӯзии педагогӣ фаъолона иштирок намудаанд, сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим намуд.

 

 

 

1.JPG - 184.26 Kb 2.JPG - 196.25 Kb 3.JPG - 205.08 Kb

4.JPG - 197.28 Kb 5.JPG - 215.33 Kb 6.JPG - 207.34 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj