• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН

19.JPG - 229.68 Kb12-уми апрели соли 2021 бо мақсади тавсеа ва рушди равобити дуҷониба Нуъмонҷон Усмонзода Ғаффорӣ – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикисон ба номи С. Айнӣ Муҳаммад Қосим Ориё – ректори Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба ҳузур пазируфта, миёни ректорони донишгоҳ мулоқот сурат гирифт.

Роҳбари ду муассисаи олӣ зимни нишасти судманд роҷеъ ба муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба соҳаҳои илму маориф ва таҳсили донишҷӯён, тақвият бахшидан ва мустаҳкамтар намудани робитаҳои дуҷониба дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ аз ин иқдом изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-таълимиро, ки ба рушди илми донишгоҳ мусоидат менамояд, ҳамеша ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Дар ин мулоқот шартнома доир ба мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ миёни Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба имзо расид.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки тӯли солҳои ахир таваҷҷуҳи макотиби олии хориҷа ба донишгоҳҳои олии кишвар , махсусан ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба маротиб зиёд мебошад. Густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, доираи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хеле густурда мебошад ва мамлакатҳои гуногуни қитъаҳои Осиё ва Аврупоро фаро мегирад.

Нашрияи “Омӯзгори ҷавон”

 

16.JPG - 189.70 Kb 17.JPG - 162.01 Kb 18.JPG - 160.12 Kb 19.JPG - 229.68 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj