• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ПАЖӮҲИШҲОИ ТОЗАИ ИЛМӢ ДАР “АНВОРИ ДОНИШ”

anvori_donish.png - 407.76 Kb

Дар шумораи навбатии маҷмӯаи илмии “Анвори дониш”, ки бо ибтикори кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ интишор гардидааст, муҳимтарин мақолаҳои  марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ гирд омадаанд.

Мақолаҳои илмии профессорон Саидмуроди Хоҷазод “Бозтоби масоили умдаи забон дар асари Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат»”, Шарифмурод Исрофилниё “Фирдавсӣ ва Носири Бухороӣ”, Элбоев Вафо “Номбардори бузургон” ва дотсентону омӯзгорон Нурхон Гадоев “Воҳидҳои фразеологии лаҳҷа ва хусусиятҳои он”, Одилҷон Алиев  “Ахтари тобони илми забоншиносии тоҷик”, Хокироев Ризо “Тоҷикпарастии устод Садриддин Айнӣ”, Раҳимова Ҳамроза “Бозтоби маҷоз дар ашъори Ёрии Дарвозӣ”, Равшани Ҳамроҳ “Хусусиятҳои хоси Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳамза Боқиев “Шоирӣ ҳам мушкил аст, осон магир”, Ҳанифаи Муҳаммадохир “Вижагиҳои резаҳикояҳои Сорбон” ва ғ. аз лиҳози асолат, муҳиммият ва навгонии илмӣ пажӯҳиши тоза дар ҷодаи забон ва адабиётшиносии муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Баррасӣ ва пажӯҳиши масъалаҳои умдаи соҳаҳои мазкур бо дидгоҳи тоза меҳвари аслии мақолаҳои маҷмӯаро ташкил медиҳад. Он  барои пажӯҳишгарони соҳа, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯён, ҳаводорони забон ва адабиёт  ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj