• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ

ва тасдиқи нақшаи кории он дар соли таҳсили 2021-2022

3.JPG - 256.43 KbРаёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳукми анъанаи дерин моҳе як маротиба дар толори Шӯрои олимони бинои асосӣ баргузории шӯрои болозикршударо ба роҳ мемонад, ки он тибқи нақшаи кории ин шӯро баррасикунандаи масоили марбут ба таълиму тарбия, иқтисод ва хоҷагидорӣ, равобити дохиливу хориҷӣ ва амсоли инро фарогирӣ мекунад. Дирӯз ҳам 27-уми августи соли 2021, Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати олимони донишгоҳ ба кори худ оғоз бахшид. Сараввал садри ин шӯро, ректори донишгоҳ, д.и.т, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода баромад ва суханронӣ намуда, иштирокдорони ҷаласаи мазкурро бо омад-омади соли нави таҳсил, ки фарогири чандин ҷашнвораҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ мебошад, табрику таҳният намуд. Ҳамчунин сарвари донишгоҳ таъкид бар он дошт, ки мо бояд дар ибтидои соли таҳсил ҷиҳати баргузаронии ҳамагуна ҷашнвораҳо, ташкили раванди таълим, маводҳои таълимӣ, интизоми меҳнат, вазъи беҳдошти саломатии кормандон, масоили марбут ба таъмини хобгоҳи донишҷӯёну устодон ва амсоли ин омодагӣ дошта бошем. Инчунин дар ҷаласа муовинони ректору роҳбарони зерсохторҳо: Саъдӣ Қосимов-муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим оид ба омодагии факултетҳо ба соли нави таҳсил, Ҷамила Мусоҷонзода- муовини ректор оид ба қисми тарбия доир ба омодагии донишҷӯён дар машқҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Мардонзода Сафаралӣ- муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ доир ба вазъи омодагии биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ ба соли нави таҳсил, Айнулозода Наҳтулло-сардори раёсати таълим оид ба тасдиқи сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон дар кафедраҳои донишгоҳ барои соли таҳсили 2021-2022 баромад намудаву аз рафти ҷараёни корҳои иҷрошуда ва иҷрошаванда ҳисобот доданд. Аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ тавъамойии ин ду ҷашнвораи бузург 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳи азизамонро дар ибтидои соли таҳсили 2021-2022 фоли нек арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин дар ин шӯро нақшаи кории Шӯрои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2021-2022 тасдиқ гардид. Бояд зикр кард, ки Шӯрои олимони донишгоҳ баррасикунандаи ҳамагуна масоили ҳалталаби  дохилидонишгоҳист.

Суратгузориш аз рафти Шӯрои олимони донишгоҳ:

1.JPG - 247.63 Kb 3.JPG - 256.43 Kb 2.JPG - 254.89 Kb 4.JPG - 232.71 Kb

5.JPG - 249.01 Kb 6.JPG - 210.46 Kb 7.JPG - 186.01 Kb 8.JPG - 178.51 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj