• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ РӮДАКӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК


1.JPG - 173.46 KbҲамасола 22-юми сентябр дар саросари кишвар ба ифтихори шоири шаҳир, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, одамушуаро Абуабдуло Рӯдакӣ ҳамчун “Рӯзи Рӯдакӣ”бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

22.09.2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Шӯҳрати дурри дарӣ, аз офтоби Рӯдакист!” баргузор гардид. Нахуст мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт д.ӣ.ф, профессор Шамсиддин Солеҳов суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба ин маҳфил хайрамақдам гуфт. Сипас, декани факултети филологияи тоҷик д.и.ф., профессор Восиева Р. баромад намуда доир ба хизматҳои шоён ва хусусиятҳои барҷастагии осори  Рӯдакӣ дар рушду такомули  забони форсӣ-тоҷикӣ сухан гуфт. Ҳамчунин дар идомаи маҳфил н.и.ф. Р.Бобокалонова, н.и.ф., дотсент Шоев А. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Дар қисмати фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру ғазалҳои устод Рӯдакӣ қироат карда шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.JPG - 173.46 Kb 2.JPG - 173.71 Kb 3.JPG - 199.73 Kb 4.JPG - 219.84 Kb

5.JPG - 179.51 Kb 6.JPG - 187.98 Kb 7.JPG - 236.95 Kb 8.JPG - 200.01 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj