• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ  “ПСИХОЛОГИ ҶАВОН”

ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ ВА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР

2.jpg - 65.99 KbИмрӯз, 12.11.2021  бо ташаббуси декани  факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п, дотсент Дадобоева Мадина Солибоевна ва аъзоёнии кафедраи психологияи умумӣ, маҳфили илмӣ таҳти унвони  “Психологи ҷавон” бо иштироки донишҷӯёни фаъоли курсҳои 3-юми ихтисоси равоншиноси амалӣ баргузор гардид. Роҳбарии маҳфили мазкурро омӯзгори калони ҳамин кафедра Рустамова Зарина бар ӯҳда дошт. Мавриди зикр аст, ки дар ин маҳфил донишҷӯён аз омилҳои гуногуни ҷанбаҳои психологӣ андешаронӣ намудаву барои саволу ҷавоб кардан, шарҳ додани баъзе аз истилоҳот ва тадбирандешии пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, рафтори агрессивӣ, канибализм, суитсид (худкушӣ) баҳсу мунозираҳо карданд. Донишҷӯён бо аёниятҳои омоданамудаи ихтисосиву таъсирбахши худ баромад намудаву моҳияти умқи масъалаи фарогирро хеле равону фасеҳ шарҳ медоданд, ки ин аз таълимоти нек додани омӯзгорони самти мазкур даракдиҳанда мебошад. Дар ин маҳфил, омӯзгорон низ иштироки фаъол доштаву ба донишҷӯён дар мавридҳои заруриву саривақтӣ маълумотҳои дақиқу ҷолиб пешниҳод мекарданд. Баргузории ин гуна маҳфилҳо яке аз ҳадафҳои доимии садорати факултет буда, барои фароҳам овардани фазои мусоид ва мукаммал гардондани таҷрибаи таълимии донишҷӯён самарабахшу саривақтӣ мебошад.

Суратгузориш аз рафти ҷараёни он:

 

 

1.jpg - 79.30 Kb 10.jpg - 70.50 Kb 2.jpg - 65.99 Kb 3.jpg - 39.92 Kb 5.jpg - 74.94 Kb 6.jpg - 52.16 Kb

7.jpg - 83.55 Kb 8.jpg - 70.61 Kb 9.jpg - 41.13 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj