• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТ!

10.jpg - 60.55 Kb

Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони “Авангард” озмуни ҷумҳуриявии “Шеър, достон ва мақолаи публисистии беҳтарин” дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 14 то 30-солаи кишвар эълон гардида буд. Озмуни мазкур санаи 16-уми ноябри соли 2021 дар Академияи ВКД ҶТ бо иштироки васеи иштирокчиёни ин озмун ҷамъбаст гардид.

Қобили қайд аст, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳар се номинатсия 9 нафар довталабон иштирок варзиданд.

 

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар озмуни мазкур дар номинатсияи “Мақолаи публисистии беҳтарин” дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Донишгоҳ - Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович сазовори ҷойи аввал дониста шуд.

Мақолаи мазкур дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ” навишта шуда, бозгӯи ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз ҷониби аъзоёни комиссияи ин озмун баҳои баландро сазовор гардид.

 

1.jpg - 130.88 Kb 2.jpg - 91.88 Kb 3.jpg - 113.85 Kb 4.jpg - 95.19 Kb

5.jpg - 107.63 Kb 6.jpg - 84.02 Kb 7.jpg - 65.06 Kb 8.jpg - 69.91 Kb

9.jpg - 64.88 Kb 10.jpg - 60.55 Kb 11.jpg - 87.76 Kb 12.jpg - 78.48 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj