• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ

ДОНОӢ КИТОБ АСТ...”, ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

9.jpg - 49.82 KbРӯзи 16 - уми ноябри соли равон дар Кохи Сурӯш бо иштироки васеи аҳли зиёи кишвар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ, дар даври шаҳрии озмуни мазкур 11 нафар довталабон иштирок намуда, 6 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар ҷамъбасти озмун Мусулмонзода Файзигул -  донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик дар номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи якум, Зарина Собирова -  донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет  дар номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи дуюм, Абдуллоева Мубина - донишҷӯи курси 4-уми факултети забон ва адабиёти рус дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи дуюм, Шабоҳанги Абдусаттор - донишҷӯи курси дуюми факултети математика дар номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи сеюм, Абдураззоқи Раззоқ – н.и.п., дотсент-омӯзгори факултети математика дар номинатсияи “Эҷоди назму наср” сазовори ҷойи сеюм ва Фозилова Шукрона – лаборанти факултети химия дар номинатсияи “Эҷоди назму наср” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки ин ғолибиятро раёсати донишгоҳ боиси ифтихор медонад.

 

1.jpg - 57.50 Kb 2.jpg - 72.61 Kb 3.jpg - 51.73 Kb 4.jpg - 57.14 Kb

5.jpg - 61.15 Kb 6.jpg - 66.64 Kb 7.jpg - 65.07 Kb 8.jpg - 51.87 Kb

9.jpg - 49.82 Kb 10.jpg - 53.04 Kb 11.jpg - 68.49 Kb 12.jpg - 60.26 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj