• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

31 январи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид, ки дар он аҳли раёсати донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доштанд.

Сароғоз ректори донишгоҳ профессор Н.У. Ғаффорӣ намояндагони ВАО-ро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта,  ҳозиринро бо натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 шинос кард.

Дар доираи баромади худ сарвари донишгоҳ таҳлили корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ, инчунин робитаҳои хориҷии донишгоҳро бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар  дар соли сипаришуда манзури ҳозирин намуд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ  ректор ба саволҳои намояндагони ВАО, ки ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ мутааллиқ буд, посухҳои қаноатманд дод ва доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди донишгоҳ маълумоти дақиқ пешкаш намуд.

Суратгузориш аз рафти нишаст:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj