• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

"Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо-тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид."

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

2 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ҷашн аҳли раёсати донишгоҳ, меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Расёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи И. Сомонӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Мирзозода Абдусалом ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни Сада табрик намуд. Дар доираи сухани табрикотии хеш мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардидааст. Инчунин роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Давлатҷон Ғаффорзода баромад намуда, оид ба таърихи ҷашни мазкур ибрози ақида кард.

Бояд қайд кард, ки ба муносибати таҷлили ҷашни Сада ҳар як факултет гӯшаи идона ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз ин ҷашни таърихӣ ороста намуданд, ки аз ҷониби ҳакамон баҳо дода шуда, беҳтаринҳо бо диплом ва ҷом ва боқимонда бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ бо таҳияи барномаи рангини консертӣ ба қалби ташрифдорону ҳозирин фараҳ бахшид.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj