• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ШАҲРАМОНРО БА ШАҲРИ “САБЗ” ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!

5 феврали  соли 2022 бо ибтикори факултети таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар гирду атрофи донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти шиори “Шаҳрамонро ба шаҳри “Сабз” табдил медиҳем!” баргузор гардид. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қисми тарбияи донишгоҳ ва садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ширкат намуда, дар кабудизоркунии гирду атрофи донишгоҳ саҳми назарраси хешро гузоштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мақсад аз баргузории чунин як маъракаи муҳим ин аввалан иҷрои дастуру супоришҳори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе мебошад.

 

Суратгузориш аз рафти маъракаи ниҳолшинонӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj