• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

КӮМАКИ ҶОПОН БАРОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

9 феврали соли 2022 маросими ҷамъбасти “Лоиҳаи таҳияи Барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир”, ки аз тарафи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ татбиқ шуд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Айки, ҳамоҳангсози Барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳорио, ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур натиҷаи татбиқи лоиҳа баррасӣ карда шуда, дар ин замина сафири Ҷопон  Тошиҳиро Айки  оид ба лоиҳаҳое, ки маблағгузорашон ташкилотҳои ҷопонианд ва дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор доранд, маълумот дод. Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён аз ҷумла қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар се мактаби шаҳри Душанбе ва ҳафт мактаби шаҳри Ҳисор бо муваффақият татбиқ шуда, татбиқи чунин як лоиҳаи муҳим дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ амри воқеӣ мебошад. Ҳамоҳангсози Барномаи АКД Ҷопон Рейка Ҳорио мақсад ва ҷараёни татбиқи лоиҳаро дар донишгоҳ арзёбӣ намуда, аз нуктаҳои муфиди ин лоиҳа дар оянда ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ татбиқи лоиҳаи мазкурро аз ҷониби АКД Ҷопон, махсусан дар донишгоҳ, як иқдоми созандаву судманд баҳри рушди ин ниҳоди таълимӣ дониста, қайд намуд, ки дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар даромадгоҳҳои бинои асосӣ, биноҳои таълимӣ, китобхонаи донишгоҳ, маркази машваратӣ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, маркази қабули имтиҳонҳо, майдончаи варзишӣ ва дигар сохтору шуъбаҳои лозима, роҳҳои махсус ашхоси имконияти маҳдуддошта бунёд гардида, айни замон пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Лоиҳаи мазкур дар се давра татбиқ шуда, аз ҷорӣ намудани шароит барои донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, гузаронидани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён, корҳои тарбиявӣ ва ташкили гурӯҳҳои корӣ барои давом додани фаъолияти мазкур иборат буд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj