• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

РӮНАМОИ СИЛСИЛАКИТОБҲОИ “АХТАРОНИ АДАБ”


10 феврали соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамои силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор шуд.   Инчунин, дар саҳни Китобхона намоиш - фурӯши силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” ва китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” барои ҳаводорони ин силсилакитобҳо роҳандозӣ гардид.  Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок намуданд.

Силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” аз панҷоҳ ҷилд иборат буда, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи нашриёти “Адиб” аз чоп бароварда шуд. Силсилакитобҳои мазкур осори адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то муосиронро дар бар мегирад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj