• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДАРСИ КУШОД - НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ТАҶРИБАОМӮЗОН

11 феврали соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 –и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби таҷрибаомӯзони курси 3-юми факултети забон ва адабиёти рус таҳти роҳбарии методисти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси донишгоҳ А.Кулиев дарси кушод аз фанни забони русӣ дар мавзуи “Ҳайвоноти хонагӣ” баргузор шуд. Дарси кушод аз маълумотдиҳӣ дар бораи ҳайвоноти хонагӣ, бозиҳои шавқовар ва нақл аз рӯи расм бо забони русӣ иборат буд.

Мақсад ва вазифаҳои асосии дарси кушод аз он иборат буд, ки пеш аз ҳама нутқи кӯдакон бояд кушода шавад, ҷаҳонбиниашон васеъ гардад, инчунин фаҳмишашонро нисбати олами ҳайвонот, махсусан ҳайвоноти хонагӣ баланд намоянд ва донишашонро такмил диҳанд.   Дар  дарс маъмурияти мактаб низ иштирок кард.

Дар интиҳо аз тарафи устодон дарси таҷрибаомӯзон таҳлил ва муҳокима карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чоруми шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ айни ҳол дар таҷрибаомӯзӣ қарор доранд.

Суратгузориш аз рафти дарс:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj