• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

КОНФЕРЕСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР БА ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲО

16 феврали соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ва забонишиносии умумӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ конференсияи  байналмилалии  илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тамоюли муосири таълими забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷриба, мушкилот ва равнақ» бахшида ба ҷашни 90-солагии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Конференсияи байналмилалиро мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ дотсент  Мирганова Нигина Рауфовна ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини ректор оид ба корҳоии  илмии донишгоҳ профессор А. Мирзораҳимов дод. Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, баргузории ин конференсия хеле бамаврид аст.

Боиси зикр аст, ки дар конференсия омӯзгорону забоншиносон аз ДМТ, филиали ДФХМ ФР дар ш. Душанбе, Академияи ВКД ҶТ, омӯзгорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва устодони факултетҳои забони англисӣ ва филологияи тоҷик иштирок намуданд.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj