• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН

17 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо хатмкунандагон  ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мутахассисони касбӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раёсати донишгоҳ, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директорони литсей, гимназия ва мактабҳо иштирок карданд.

Вохӯриро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт, ва ҳангоми суханронӣ зикр кард, ки ҳамкории донишгоҳ бо Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи шаҳр хеле хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол дар 27 мактаб тибқи шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ донишҷӯёни донишгоҳ таҷриба меомӯзанд.

Сипас, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров оид ба шароит ва имконоти муассисаҳои таълимии шаҳр маълумот дод ва аз ҷумла зикр кард, ки дар панҷ соли охир 424 хатмкардаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ тибқи роҳхат дар муассисаҳои таълимии пойтахт сарбаландона фаъолият карда истодаанд. Сардори шуъбаи кадрҳои ҳамин ниҳод Ҷумахон Самиев зимни баромади хеш таъкид кард, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе омодааст хатмкунандагонро ба муассисаҳои таълимӣ барои азхуд кардани нозукиҳои кори омӯзгорӣ сафарбар намояд.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон ҷиҳати фаъолияти омӯзгориашон пас аз хатми донишгоҳ тавсияҳои судманд дода, ба меҳмонон барои ҳамкории пурсамарашон арзи сипос намуд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj