• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

19 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ идона баргузор гардид. Сароғоз ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ чорабиниро ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод намуд. Сипас роҳбари ҷанговарони башардӯсти Вазорати мудоифаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ғоибов баромад намуда, аҳли толорро бо ин рӯзи муҳими таърихӣ шодбош намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҳассос ташкил шуда, дар як муддати кӯтоҳ такомулу обутоб ёфт ва айни ҳол ҳамчун як нерӯи муқтадир, муҷаҳҳазу ташкилёфта оромиву осоиштагии кишварро таъмин менамояд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмион дар ташкил ва такомули Қувваҳои мусаллаҳ басо назаррас аст.

Пасон муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қурбонов устодону донишҷӯёнро табрик карда, бархе аз устодони ҷанговар-башардӯсти донишгоҳро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд.

Баъдан устодони собиқадору соҳибмактаб, донишҷӯён ва бархе аз меҳмонон  бо ифтихорномаву медали ҷашни 90-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги донишгоҳ барномаи консертӣ баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj