• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ОИД БА РУШДИ ЗАБОНҲО

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо қарори ЮНЕСКО 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд. Ин нишасти илмиро декани факултети филогияи тоҷик профессор Рухшона Восиева оғоз намуда, ба ҳозирин ҳадафи онро бозгӯ намуд.

Мавсуф оид ба рушди забонҳои модарӣ дар ҷумҳурии мо, ки тибқи бандҳои 1 ва 2-и моддаи чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” аз 5-уми октябри соли 2009 асоснок карда шудааст, ҳарф зада, таъкид дошт, ки ҷиҳати истифодаи озодонаи забонҳои модарӣ дар маҳалҳои будубоши онҳо дар кишварамон ягон монеа вуҷуд надорад. Ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ иштирокчиёнро бо ин рӯз муборакбод гуфта, ба кори конференсия муваффақият хост. Сипас н.и.ф., дотсент Азизхон Мирбобоев перомуни вазъи забонҳои ақалиятҳои милливу забонӣ дар Атласи забонҳои ЮНЕСКО ва н.и.ф., дотсент Раҷаб Хидиров доир ба рушди иҷтимоӣ ва мавқеи дузабонӣ маърӯзаҳои ҷолиб ироа карданд. Сониян кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

Суратгузориш аз рафти ҳамоиш:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj