• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХАТМКУНАНДАГОН

24 феврали соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Соҳибназар Сафаров, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини ректори донишгоҳ Ҷ. Мусоҷонзода баромад карда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Сипас, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода – муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва Соҳибназар Сафаров – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ баромад намуда, хатмкунандагони донишгоҳро ҷиҳати кору фаъолият ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ даъват намуданд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj